Имкониятҳои Риёзиёти LibreOffice Math

Ин боб баъзе аз имконоти Риёзиёти LibreOffice Math-ро шарҳ медиҳад.

Риёзиёти LibreOffice Math гурӯҳи операторҳо, функтсияҳо ва ёварони форматкуниро пешкаш менамояд, ки барои сохтани формулаҳо кӯмак мерасонанд. Ин ҳама дар равзанаи интихобӣ оварда шудаанд, ки бо пахш кардани муш метавонед ин ё он элементро ба ҳуҷҷат дохил кунед. Дар кӯмак гурӯҳи ҳаволаҳо ва мисолҳо оварда шудаанд.

Сохтани формула

Ба мисли тасвирҳо формулаҳо низ ҳамчун объект дар дохили ҳуҷҷат сохта мешаванд. Автоматӣ илова намудани формула LibreOffice Math-ро оғоз мекунад. Шумо метавонед бо истифода аз фармонҳои мавҷуда формуларо формат ва ислоҳ кунед.

Бевосита навиштани формула

Агар шумо бо забони Риёзиёти LibreOffice шинос бошед, метавонед бевосита формуларо ба ҳуҷҷат дохил намоед. Барои мисол ин формуларо ба ҳуҷҷати матнӣ нависед: "a sup 2 + b sup 2 = c sup 2".Ин матнро интихоб карда Иловакунӣ - Объект - Формула-ро интихоб кунед. Матн ба формула мубаддал мешавад.

Тасвири эзоҳ

Формулаҳои Риёзиёти LibreOffice барои ҳисобкунӣ офарида нашудаанд, онҳо танҳо барои нишон додани формулаҳои риёзиёт истифода мешаванд. Барои ҳисобкунӣ аз ҷадвали электронӣ истифода кунед.


Сохтани формула дар Равзанаи Фармонҳо

Равзанаи фармонҳои Риёзиёти LibreOffice -ро барои дохилкунӣ ва ислоҳкунии формулаҳо истифода кунед. Бо баробари дохилкунӣ дар равзанаи фармонҳо шумо натиҷаро дар ҳуҷҷат мебинед.

Нишониҳои алоҳида

Шумо метавонед нишониҳои худатонро созед ё рамзҳоро аз дигар ҳуруфот импорт кунед. Шумо метавонед нишониҳои навро ба каталоги Риёзиёти LibreOffice дохил кунед ё каталоги худатонро тартиб диҳед.

Формулаҳо дар контекст

To make working with formulas easier, use the context menus, which can be called up with a right mouse click. This applies especially to the Commands window. This context menu contains all the commands that are found in the Elements pane, and also operators, and so on, which can be inserted into your formula by mouse-click without having to key them into the Commands window.

Please support us!