LibreOffice 7.6 Help
Баёнияи LibreOffice Impress барои сохтани баёнияҳои касбӣ, ки диаграммаҳо, объектҳои тасвирӣ, матн, мултимедиа ва ғ. доранд хизмат мекунад. Шумо ҳамчунин метавонед баёнияҳои Microsoft PowerPoint-ро импорт кунед.
Аниматсия, гузариши слайд ва мултимедиа намунаи техникаҳо мебошанд, ки намоиши слайдҳои шуморо боз ҳам ҷаззобтар мегардонанд.
Аксари асбобҳо барои сохтани объектҳои графикии Тасвири LibreOffice (Draw) дар Баёнияи LibreOffice (Impress) мавҷуданд.
Баёнияи LibreOffice Impress қолабҳои гуногунро барои сохтани слайдҳо пешкаш мекунад.
You can also assign a number of dynamic effects to your slides, including animation and transition effects.
Якчанд намудҳо барои сохтани слайдҳо мавҷуданд. Мисол Низомноккунаки слайдҳо, барои ҷобаҷогузории слайдҳо ва Дастварақаҳо барои илова кардани матн барои мутолеон истифода карда мешаванд.
Баёнияи LibreOffice имкон медиҳад вақти баёнияро мувофиқ гардонед.
Шумо метавонед баёнияи худро ҳамчун слайд дар экран, дастварақаҳо ё ҳуҷҷати HTML нашр кунед.
Бо Баёнияи LibreOffice метавонед автоматӣ ё дасти слайдҳоятонро намоиш диҳед.