Ҷадвалҳо

Шумо метавонед ҷадвалҳои амудӣ ва уфуқиро дар чап ва болои Баёнияи LibreOffice истифода намоед, ки ба сохтани слайд кӯмак мекунанд

Тасвири мадад

Вақте, ки шумо ягон объектро интихоб мекунед андозаҳои он бо дурахаи хокистарӣ дар ҷадвалҳо нишон дода мешаванд. Барои тағирдиҳии андозаи объект метавонед яке аз рахҳои хокистариро ба ҷои дигар кӯчонед.


Вақте, ки шумо объекти матниро интихоб мекунед табулярҳо ва канораҳо дар ҷадвали уфуқӣ нишон дода мешаванд. Барои тағир додани табуляр ё канора, онро интихоб карда ба ҷои дигар кӯчонед.

Шумо ҳамчунон метавонед хати бурриш аз ҷадвал ба слайд дохил кунед. Барои дохил кардани хати бурриш канори ҷадвалро ба слайд кӯчонед.

Барои нишон додан/пинҳон кардани ҷадвалҳо Намоиш - Ҷадвал интихоб кунед.

Барои тағир додани воҳиди ченаки ҷадвал дар болои он бо пои рости муш пахш карда ченаки лозимиро интихоб кунед.

Барои тағир додани нуқтаи асосии (нуқтаи 0) ҷадвал, бурриши ҷадвалҳоро кӣ дар канори чапи боло ҷойгир шудааст ба слайд кӯчонед. Роҳбаладҳо пайдо мешаванд. То ҷои лозимаро интихоб кардан давом диҳед. Барои ба ҳолати асли баргаштан бо муш ду маротиба бурриши ҷадвалҳоро пахш кунед.

Барои тағир додани канораҳои слайд кунҷҳои сафеди ҷадвалҳоро кӯчонед.

Please support us!