LibreOffice 24.8 Help
The Edit Points Bar appears when you select a polygon object and click Edit Points.
Функтсияҳои пешниҳодшуда ба шумо имкон медиҳанд, ки нуқтаҳои хамида ё объекти ба хамида табдилдодашуда тағир дода шавад. Тугмачаҳои зерин мавҷуданд:
Ислоҳкунии нуқтаҳо
Режими кӯчонидани нуқтаҳоро фаъол мегардонад. Тирчаи муш ба чоркунҷа табдил меёбад агар дар болои нуқта қарор дошта бошад. Он нуқтаро ба дигар ҷой кӯчонед. Хамида дар ду тарафи нуқта шаклашро дигар мекунад.
Хамидаро дар миёни ду нуқта ё дар дохили хамидаи пӯшида ҷой дода бо муш хамидаро кӯчонед.
Ҷойивазкунии Нуқтаҳо
Режими иловакуниро фаъол мегардонад, ки барои иловакунии нуқтаҳо хизмат мекунад.
Агар хоҳед, ки нуқтаи кунҷӣ созед аввал бояд нуқтаи симметрӣ ё оҳиста илова намуда баъд онро ба воситаи Нуқтаи кунҷӣ табдил диҳед.
Иловакунии нуқтаҳо
Расми Кӯркунии нуқтаҳоро истифода карда як ё якчанд нуқтаҳои интихобшударо кӯр кунед. Барои интихоби зиёда аз як нуқта тугмачаи Shift-ро пахш карда доред.
Аввал нуқта(ҳо)ро интихоб кунед ва баъд барои кӯр кардан ин сурат ё Del-ро пахш кунед.
Кӯркунии нуқтаҳо
Расми Тақсимкунии хамида хамидаро тақсим мекунад. Аввал нуқта(ҳо)ро интихоб кунед ва баъд ин суратро пахш кунед.
Тақсимкунии хамида
Хамидаро ба хати рост ва хати ростро ба хамида табдил медиҳад.
Агар қисме аз хамида рост бошад, нуқтаҳои ниҳоии хат танҳо як нуқтаи идоракунӣ дошта метавонанд. То ба хамида баргардонидани хати рост онҳоро ба нуқтаҳои давра табдил додан имкон надорад.
Табдилдиҳи ба хамида
Нуқта(ҳо)и интихобшударо ба ё нуқтаи кунҷӣ табдил медиҳад.
Нуқтаҳои кунҷӣ
Нуқтаи кунҷӣ ё нуқтаи симметриро ба нуқтаи оҳиста табдил медиҳад.
Гузариши оҳиста
Ин тугмача нуқтаи кунҷӣ ё нуқтаи оҳистаро ба нуқтаи симметрӣ табдил медиҳад.
Гузариши симметрӣ
Хат ё хамидаро мепӯшонад. Хат бо пайвасткунии нуқтаи охир бо нуқтаи аввал пӯшонида мешавад.
Пӯшонидани каҷҷии Безе
Рафъкунии Нуқтаҳо