Асбоби Ҳисоботи Хато

Асбоби Ҳисоботи Хато автоматӣ пас аз рух додани шикасти барнома оғоз меёбад. Агар барнома ба ҷараёни беохир медарояд ва ё ба фармонҳои муш ва калидҳо ҷавоб намедиҳад, шумо метавонед Асбоби Ҳисоботи Хаторо дастӣ оғоз кунед.

Асбоби Ҳисоботи Хато маълумоти лозимаро ҷамъ меоварад, ки барои беҳсозии нашрҳои ояндаи барнома кӯмак мерасонад. Умедворем шумо ба мо барои бартарафсозии хато кӯмак намуда, ҳисоботро ба мо мефиристед.

Оғоз кардани Асбоби Ҳисоботи Хато

Дар аксари ҳолатҳо Асбоби Ҳисоботи Хато автоматӣ оғоз меёбад. Вале дар ҳолате, ки барнома дуруст фаъолият намекунад ва Асбоби Ҳисоботи Хато автоматӣ оғоз намеёбад, шумо онро дастӣ оғоз карда метавонед:

Пуркунии Ҳисобот

Дар муколамаи асосии Асбоби Ҳисоботи Хато, шумо метавонед маълумоти иловагиро дохил намоед. Барои мисол, агар хато пас аз тағирот дар ҷузъиёт ва ё зеҳниёти муҳит, ё шумо тугмаеро пахш кардед, ин ҳолатро шарҳ диҳед.

Фиристодани Ҳисоботи Хато

Асбоби Ҳисоботи Хато протоколи HTTP PUT / SOAP ро барои фиристодани далелҳо истифода мебарад. Фиристоданро пахш намоед.

Тасвири Огоҳикунанда

Шумо ба ҳисоботатон ҷавоб намегиред. Барои дастгирӣ ба форуми дастгирӣ дар Интернет рӯ оред.


Шумо метавонед ба саволҳои барномасозҳо ҷавоб гӯед. Ба интихобқуттӣ ливо гузоред, агар хоҳед, ки бо шумо ба воситаи номаи электронӣ муколама кунанд. Дар намуди асл ин интихобқуттӣ ливо надорад.

Кадом далелҳоро бояд фиристод?

Асбоби Ҳисоботи Хато якчанд дафтар дорад. Дафтари асосӣ маълумотро оиди системаи оперативӣ, хотираи истифодашуда, навъи хато ва маълумоте, ки шумо илова кардаед, дорад. Шумо метавонед бо пахшкунии тугмачаи Намоиши Ҳисобот дар муколамаи асосии Асбоби Ҳисоботи Хато дида метавонед.

Илова бар ин таркиби хотира ва назорати пайдарпаӣ бо барномаҳои системавӣ ("dbhhelp.dll" дар системаҳои Windows, "pstack" дар системаҳои UNIX) ҷамъ оварда мешаванд. Ин маълумот низ фиристода мешавад.

Please support us!