LibreOffice 24.8 Help
Бо истифодаи ганҷӣ таркиби чашмакро нусхагирӣ кунед. Шумо ҳамчунин метавонед формуларо ба ганҷӣ нусхагирӣ кунед(мисол аз сатри формула) барои нусхагузории формула.
Барои нусхагузории қитъаи чашмакҳо ба ҳуҷҷати матнӣ, қитъаи чашмакҳоро интихоб намуда ба воситаи ганҷӣ ва ё гирумон онро ба ҳуҷҷати матнӣ нусхагузорӣ кунед. Пас шумо объекти OLE дар ҳуҷҷати матнӣ мебинед, ки онро ислоҳ кардан мумкин аст.
Агар шумо чашмакҳоро ба намуди муқаррарии ҳуҷҷати баёния кӯчонед, онгоҳ он ҳамчун объекти OLE илова карда мешавад. Агар шумо чашмакҳоро ба намуди сохторвии ҳуҷҷати баёния кӯчонед, онгоҳ ҳар як чашмак ҳамчун сатри намуди сохторвӣ мешавад. Агар шумо чашмакҳоро бе пахшкунии калиди Shift кӯчонед, онгоҳ чашмакҳо кӯчонида мешаванд. Барои нусхагирӣ калиди Shift-ро пахш кунед.
Ҳангоми нусхагирии қитъаи чашмакҳо аз LibreOffice Calc ба ганҷӣ, объектҳои тасвирӣ, объектҳои OLE ва диаграммаҳои дар ин қитъа буда низ нусхагирӣ мешаванд. Вале ин объектҳо танҳо дар худи ҳамон ҳуҷҷат нусхагузорӣ карда мешаванд.
Агар шумо қитъаи чашмакҳоро бо диаграмма нусхагирӣ намоед, диаграмма пайвастагиро бо манба нигоҳ медорад, агар шумо манбаро низ нусхагирӣ карда бошед.