LibreOffice 24.8 Help
Ёвари Факсро мекушояд. Ёвари Факс барои сохтани қолаб барои ҳуҷҷатҳои факс кӯмак мекунад. Пас Шумо метавонед онро чоп ё факс кунед.
LibreOffice қолабҳои факс дорад, ки онҳоро метавонед тағир диҳед. Ёвар ба шумо қадам ба қадам кӯмак карда тарҳ ва сабкҳои гуногунро пешкаш менамояд. Намоиши пешакии ҳуҷҷат имкон медиҳад, ки чӣ гуна будани ҳуҷҷатро пешики дида тавонед.
Дар ин муколама шумо ҳамеша метавонед навиштҳоятонро ислоҳ намоед. Шумо метавонед саҳифа ё ҳама саҳифаҳои Ёварро сарфи назар кунед, дар ин ҳолат ҷӯрсозиҳои (аслӣ) гузошта мешаванд.
Тугмачаи Пас ро пахш карда саҳифаи пешинаро дида метавонед. Ҷӯрсозиҳои ҷорӣ бетағир боқӣ мемонанд. Пас аз саҳифаи дуюм сар карда фаъол мешавад.
Ёвар тағиротҳоро сабт карда ба саҳифаи навбатӣ мегузарад. Тугмачаи Пеш дар саҳифаи охир аз фаъолият боздошта мешавад.
Вобаста ба интихоби шумо Ёвар қолабро сохта онро сабт мекунад. Ҳуҷҷати навви бо ин қолабсохташуда кушода мешавад бо номи БеномХ "UntitledX".