LibreOffice 25.2 Help
Ёварро барои қолаби нома оғоз кунед. Шумо ин қолабро барои номаҳои шахсӣ ва корӣ истифода карда метавонед.
LibreOffice қолабҳо барои номаҳои шахсӣ ва корӣ дорад, ки онҳоро бо ёрии Ёвари нома тағир дода метавонед. Ёвар қадам ба қадам шуморо дастгирӣ мекунад барои сохтани нома, тарҳ ва имконияти нақшбандӣ пешкаш мекунад. Намоиши пешакӣ ба шумо чӣ гуна будани ҳуҷҷати сохташавандаро нишон медиҳад.
Бо Ёвар шумо метавонед навиштатонро дар ҳама вақт ислоҳ кунед. Шумо метавонед қадамҳои Ёварро партоед, дар ин ҳолат ҷӯрсозиҳои (аслӣ) бетағир мемонанд.
Агар шумо номаи корӣ навишта истодабошед, метавонед элементҳои иловагӣ ба мисли мавзӯъро дохил кунед. агар шумо Шахсӣро интихоб кунед, баъзе параметрҳои ба номаи корӣ дахлдошта нишон дода намешаванд.
Интихоби шуморо дар қадамҳои пешина нишон медиҳад. ҷӯрсозиҳои ҷорӣ сабт карда мешаванд.
Saves the current settings and continues to the next page.
Вобаста ба интихоби шумо Ёвар қолаби нави ҳуҷҷатро сохта онро дар сабтгоҳ сабт мекунад. LibreOffice ҳуҷҷати навро дар асоси қолаб бо номи Беном Х "Untitled X" (X барои рақамҳои пайдарпай) ва онро нишон медиҳад.
LibreOffice тағиротҳои ҷориро дар қолаб сабт менамояд. Даъфаи дигар, ки онро бо Ёвар мекушоед, и тағирот ба тарзи аслӣ пешниҳод мешаванд.