Ёфтан - Ҷустуҷӯи пурра

Ҷустуҷӯи калимаи пурра дар Кӯмаки LibreOffice ба шумо имкон медиҳад, ки ҳама комбинатсияҳои мафҳуми ҷустуҷӯшаванда истифода шаванд. Барои ин амал як ё якчанд калимаро дар майдони Мафҳуми ҷустуҷӯшаванда Дохил кунед.

Майдони Мафҳуми ҷустуҷӯшаванда калимаҳои охирон бор дохил кардаатонро дар хотир медорад. Барои истифодаи такрориии он мафҳум бо калиди тирча онро пайдо кардан мумкин аст.

Пас аз иҷроиши ҷустуҷӯ, рӯйхати номи саҳифаҳои Кӯмак бо тартиби мувофиқат ба мафҳуми ҷустуҷӯшуда оварда мешаванд. Дупахш кунед ё Намоишро пахш кунед, то кӣ саҳифаи интихобшударо бор кунед.

Интихобқуттии Ҷустуҷӯ Танҳо дар Сарлавҳаро ливо гузоред, барои ҷустуҷӯ дар сарлавҳаҳо.

Интихобқуттии Танҳо калимаҳои Бутунро интихоб кунед, агар шумо ҷустуҷӯи мутлақ гузаронед. Агар ин параметр интихоб шудабошад, калимаҳои нопурра нишон дода намешаванд. Ин параметрро интихоб накунед, агар мафҳуми ҷустуҷӯшаванда қисми дигар калима шуда тавонад.

Шумо метавонед ҳама гуна комбинатсияҳои мафҳумро, ки бо холигӣ ҷудо шудаанд, дохил намоед. Ҷустуҷӯ ҳарфи хурду калонро ба инобат намегирад.

Тасвири мадад

Индекс ва Ҷустуҷӯи пурра танҳо ба барномаи интихобшудаи >LibreOffice таалуқ доранд. Барномаи дилхоҳро аз рӯйхатқуттии лавҳаи Кӯмак интихоб кунед.


Please support us!