LibreOffice 25.2 Help
Равзанае, ки ҳуҷҷатҳои кории шуморо дорад, интихоб кунед, то ки аз фармонҳои Меню истифода карда тавонед. Ҳамчунин, бояд объектро дар ҳуҷҷат интихоб намоед, то ки фармонҳои ба он вобастаро истифода карда тавонед.
Менюҳо аз таркиб вобаста мебошанд. Ин маъно дорад, ки амалиёти элементҳои меню ба ҷараёни иҷроиши ҷорӣ мувофиқ мебошанд. Агар курсор дар матн бошад, онгоҳ ҳама элементҳои меню барои матн дастрасанд. Агар шумо тасвирро дар ҳуҷҷат интихоб карда бошед, онгоҳ ҳама элементҳои меню барои кор бо тасвир дастрасанд.