LibreOffice 7.1 Help
Имкониятҳои Тасвири LibreOffice (Draw) ба шумо имкони сохтани тасвирҳои содда ва мураккаб ва сабт кардани онҳоро дар форматҳои маъмул медиҳад. Шумо ҳамчунон метавонед ҷадвали электронӣ, диаграммаҳо ва ғайра объектҳои бо LibreOffice сохташударо ба ҳуҷҷати тасвир дохил намоед.
Тасвири LibreOffice графикаи векториро бо истифодаи массивҳои математикӣ месозад. Векторҳо чоркунҷа, давра, элипс, рах ва полигонҳоро шарҳ медиҳанд.
Шумо метавонед объектҳои 3Ченакаи содда ба мисли куб, курра ва силлиндрро бо ёрии Тасвири LibreOffice кашед.
Тӯрҳо ва роҳбаладҳо ба шумо кӯмаки аёниро барои ҷойгузории объектҳо мерасонанд. Шумо метавонед объектро ба тӯр ё ба канори дигар объект ҷойгир кунед.
Шумо метавонед объектҳоро дар Тасвири LibreOffice бо рахи махсус"коннектор" ба ҳам пайвандед барои нишон додани пайвастагӣ.
Диаграмаҳои техникӣ асосан андозаҳои объектро дар тасвир нишон медиҳанд. Дар Тасвири LibreOffice шумо метавонед рахи андозаҳоро истифода карда андозаҳои хаттиро нишон диҳед.
Галерея дорои тасвирҳо, наворҳо, садоҳо ва ғ. мебошад, ки шумо онҳоро дар тасвирҳоятон ва дигар барномаҳои LibreOffice истифода карда метавонед.
Тасвири LibreOffice ба форматҳои маъмули BMP, GIF, JPG, ва PNG экспорт карда мешавад.