Кашидани сектор ва сегментҳо

Ellipse Лавҳа асбобҳо барои кашидани эллипс ва давраҳоро дорад. Шумо ҳатто метавонед сегмент ва сектори давра ва эллипсро кашед.

Барои кашидани сектори давра ё эллис:

  1. Лавҳаи Ёллипсҳоро кушода яке аз тасвирҳоиДавра ё Эллипсро интихоб кунед Тасвир. Тирчаи муш ба салиби борик табдил меёбад.

  2. Тирчаи мушро ба ҷои лозима пахш карда давраи лозимаро кашед.

    Тасвири мадад

    Барои сохтани давра дар марказ пахш кунед.


  3. Тугмачаи мушро баъд аз кашидани андозаи лозима сар диҳед. Рахе мувофиқ ба радиуси давра пайдо мешавад.

  4. Тирчаи мушро ба ҷое, ки сарҳади аввалро мехоҳед монед пахш кунед.

    Тасвири эзоҳ

    Чи тавре, ки радиус дар доираи давра маҳдуд аст метавонед дар ҳама ҷои ҳуҷҷат пахш кунед.


  5. Тирчаи мушро ба ҷое, ки сарҳади дуюмро мехоҳед монед пахш кунед.. Сектори мукаммал нишон дода мешавад.

Барои кашидани сегменти давра ё эллипс ҳамон қадамҳои барои сектор кардаамонро такрор кунед.

Барои кашидани арка дар асоси эллипс, яке аз тасвирҳои аркаро гирифта ҳамон қадамҳои барои сохтани сектор аз давра такрор кунед.

Please support us!