Истифодаи қитъаҳои Чопи дар Ҷадвал

Шумо метавонед интихоб намоед, ки кадом қитъаҳои чашмакҳо чоп карда шаванд.

Чашмакҳое, ки аъзои диапазони интихобшуда намебошанд чоп ё экспорт карда намешаванд. Варақҳои қитъаи чоп надошта чоп ё ба PDF экспорт карда намешаванд, агар ҳуҷҷат формати Excel надошта бошад.

Тасвири эзоҳ

Барои дафтарҳои дар формати Excel кушода шуда, ҳама варақҳои қитъаҳои чоп надошта чоп мешаванд. Ин барои экспорти ҳуҷҷат дар формати Excel буда барои экспорт ба PDF низ таалуқ дорад.


Барои муқарраркунии қитъаи чоп

  1. Чашмакҳои чопмекардаатонро интихоб кунед.

  2. Формат - Қитъаҳои Чоп - Муайянкунӣро интихоб намоед.

Барои иловакунии Чашмакҳо ба қитъаи чоп

  1. Чашмакҳоро барои илова кардан ба қитъаи мавҷудбуда интихоб намоед.

  2. Формат - Қитъаҳои Чоп - Иловакунӣро интихоб намоед.

Барои тоза кардани қитъаи чоп

Истифодаи Намоиши Пешакии Бурриши Саҳифа барои Ислоҳкунии Қитъаи Чоп

Дар Намоиши Пешакии Бурриши Саҳифа, қитъаҳои чопи ва бурриши саҳифаҳо бо ранги кабуд ва рақами саҳифа дар марказ доранд. Қитъаи чопнашаванда манзари хокистари дорад.

Барои муайянсозии бурриши нави саҳифа, сарҳадро ба ҷои нав кӯчонед. Вақте, ки шумо бурриши навро дохил мекунед, бурриши автоматӣ бо он иваз карда мешавад.

Барои Намоиш ва Ислоҳкунии Қитъаҳои Чоп

  1. Намоиш - Намоши Пешакии Бурриши Саҳифаро интихоб кунед.

    Тасвири мадад

    Барои тағирдиҳии фактори аслии масштаби Намоиши Пешакии Бурриши Саҳифа, арзиши дарсадиро дар сатри Ҳолат ду бор пахш карда пас фактори масштабро интихоб кунед.


  2. Ислоҳкунии қитъаи чоп.

    Барои тағир додани андозаи қитъаи чоп, сарҳади онро ба ҷои дигар кӯчонед.

    Тасвири эзоҳ

    Барои кӯр кардани бурриши дастии саҳифа, сарҳади бурришро аз қитъаи бурриш берун кашед.


    Барои тоза кардани қитъаи чоп, сарҳади бурришро ба сарҳади муқобилбуда кӯчонед.

  3. Барои баромадан аз Намоиши бурриши саҳифа, Намоиш - Муқаррарӣро интихоб намоед.

Please support us!