LibreOffice 24.8 Help
The
command provides a planning tool for "what if" questions. In your spreadsheet, you enter a formula to calculate a result from values that are stored in other cells. Then, you set up a cell range where you enter some fixed values, and the Multiple Operations command will calculate the results depending on the formula.Агар далели диапазони далелҳо ба сатр ё сутун тартиб карда шуда бошад, диапазони далелҳоро якҷоя бо сатр ё сутуни паҳлӯяш интихоб кунед. Дар майдони Сутун/Сатр ҳаволаро ба чашмаки аввали диапазон дохил кунед. Дар майдони Формула ҳаволаро ба чашмаки формула дохил кунед.
Шумо бозичаҳо истеҳсол мекунед, ки бо нархи $10 мефурӯшед. Ҳар бозича $2 арзиш дорад, илова бар ин шумо хароҷоти муқарраршудаи $10,000 барои як сол доред. Шумо дар як сол чӣ қадар фоида ба даст меоред, агар шумораи муайяни бозичаҳоро фурӯшед?
Барои ҳисобкунии даромад, аввал шумораро (бозичаҳои фурӯхташуда) ро дохил кунед - дар мисоли мо 2000. Даромад бо формулаи = Шумора* (Нарх - Хароҷоти бевосита) - Хароҷоти муқаррарӣ. Ин формуларо дар B5 дохил кунед.
Дар сутуни D шумораи фурушро дохил кунед, яке паси дигар; мисол бо қадами 500 аз 500 то 5000.
Диапазони D2:E11 ро нишони кунед, ҳамчунин сутуни D ва чашмаки холӣ дар сутуни Eро.
Далелҳо - Амалҳои Бисёрро интихоб кунед.
Бо курсор дар майдони Формулаҳо чашмаки B5ро пахш кунед.
Курсорро дар майдони Сутун ҷой дода чашмаки B4ро пахш кунед. Ин маънои онро дорад, ки: B4, шумора, дар формула тағирёбанда мебошад, ки бо арзиши сутни нишонишуда иваз карда шудааст.
Муколамаро бо пахшкунии OKпӯшонед. Шумо даромадро дар сутуни E мебинед.
Сутуни Eро кӯр кунед.
Формулаи зерро дар C5: = B5 / B4 дохил кунед. Шумо ҳозир даромадро барои шумораи фурӯхташудаи солона ҳисоб мекунед.
Даипазони D2;F11ро интихоб кунед.
Далелҳо - Амалҳои Бисёрро интихоб кунед.
Курсорро дар майдони Формулаҳо ҷой дода, чашмакҳои B5 то C5ро нишони кунед.
Курсорро дар майдони Сутунҳоҷой дода чашмаки B4ро интихоб кунед.
Муколамаро бо пахшкунии OK пӯшонед. Акнун шумо даромадро дар сутуни E ва даромадро барои як воҳиди фурӯхташуда дар сутуни F мебинед.
LibreOffice имкон медиҳад амалҳои пайвастаро иҷро намоед. Чашмаки формула ҳам ба диапазони далелҳои сатри ва ҳам сутунӣ ҳавола мекунад . Диапазонҳоро интихоб карда муколамаи Амалиётҳои бисёрро кушоед. Ҳаволаро ба формула дар майдони Формула дохил кунед. Майдони Сатр ба чашмаки якуми диапазони сатрӣ ва майдони Сутун ба чашмаки якуми диапазони сутунӣ таалуқ дорад.
Сутунҳои A ва Bи ҷадвали болоиро дар назар гиред. Акнун шумо мехоҳед на танҳо шумораи истеҳсолшуда, балки нархи фурӯш ва даромад дар ҳарду ҳолатро ҳисоб кунед.
Ҷадвали болоро кушоед. D2 то D11 рақамҳои 500, 1000 ва ғ. то 5000 доранд. Дар E1 то H1 рақамҳои 8, 10, 15 ва 20ро дохил кунед.
Диапазони D1:H11ро интихоб кунед.
Далелҳо - Амалҳои Бисёрро интихоб кунед.
Бо курсор дар майдони Формулаҳо чашмаки B5ро пахш кунед.
Бо курсор дар майдони Сатрҳо чашмаки B1ро пахш кунед. Ин маънои онро дорад, ки B1, нархи фурӯш, арзиши уфуқӣ ҷойгиршуда (бо арзишҳои 8, 10, 15 ва 20) мебошад.
Бо курсорро дар майдони Сутун чашмаки B4ро пахш кунед. Ин маъно дорад, ки B4, шумора, арзиши амудӣ дохилкардашуда мебошад.
OKро пахш кунед. Шумо даромадро дар диапазони E2:H11 мебинед. Дар баъзе ҳолатҳо шумо бояд аввал F9 пахш кунед барои ҷадидсози ҷадвал.