LibreOffice 24.8 Help
Бо ёрии Ҷустуҷӯи Мақсад шумо метавонед арзишеро ҳисоб кунед, ки ба натиҷаи дилхоҳи ба формуладодашуда меорад. Аз ин лиҳоз шумо формуларо бо якчанд арзишҳои муқарраршуда ва як тағирёбанда ва натиҷаи формула месозед.
Барои ҳисобкунии дарсади даромади солона (I), ҷадвалро бо арзишҳои (C) созед, шумораи солҳо (n), ва дарсади даромад (i). Формула:
I = C * n* i
Пиндоред, ки дарсади даромад i 7.5% ва шумораи солҳо n (1) доимианд. Ва шумо мехоҳед, ки сармояи сармоягузоришуда C бояд дигар карда шавад, то кӣ натиҷаи дилхоҳ ба даст ояд I. Дар ин мисол ҳисоб кунед, ки чӣ қадар сармоя C лозим аст барои бадастории даромади солонаи $15,000.
Ҳама разишҳоро барои сармоя дохил кунед C (арзиши тақриби ба мисли $100,000), шумораи солҳо n (1), ва дарсади даромад i (7.5%) ҳаркадом дар як чашмак. Формуларо барои ҳисоби дарсад дохил кунед I дар чашмаки дигар. Ба ҷои C, n, ва i ҳаволаро ба чашмак истифода кунед бо арзиши мувофиқ.
Курсорро дар чашмаки дарсаддор гузошта I, Асбобҳо - Ҷустуҷӯи Мақсадро интихоб кунед. Муколамаи Ҷустуҷӯи Мақсад пайдо мешавад.
Чашмак аллакай дар майдони Чашмаки формула дохил карда шудааст.
Курсорро дар майдони Чашмаки тағирёбанда гузоред. Дар варақ ба разише, ки тағир меёбад интихоб кунед, дар ин мисол чашмаки арзиши сармоя C.
Натиҷаи дилхоҳро дар майдони Арзиши Мақсад дохил кунед. Дар мислои мо 15,000. OKро пахш кунед.
Муколама пайдо мешавад, ки ба шумо бомуваффақ будани Ҷустуҷӯи Мақсадро хабар медиҳад. Ҳа ро пахш карда арзишро ба чашмаки тағирёбандадор кӯчонед.