LibreOffice 24.8 Help
Арзишҳои бо вергул ҷудошуда (CSV) формати матн мебошад, ки барои додугирифти далелҳо миёни МД ва ҷадвал истифода мешавад. Ҳар як сатр дар дафтари CSV навиштро дар МД, ё сатри ҷадвалро дарбар мегирад. Ҳар як майдони МД ё чашмаки ҷадвал бо вергул ҷудо карда шудааст.
Агар таркиби чашмак ё майдон вергул дошта бошад, он бояд бо нохунак (') ё ду нохунак (") пӯшида шавад.
Дафтар - Кушоданро интихоб кунед.
Дафтари CSV ро пайдо кунед барои кушодан.
Агар дафтар номбасти *.csv дошта бошад, онро интихоб кунед.
If the CSV file has another extension, select the file, and then select "Text CSV" in the Filter box
Кушоданро пахш кунед.
Муколамаи Импорти матн кушода мешавад.
Параметрҳоро барои тақсимкунии матн ба сутунҳо интихоб кунед.
Шумо дар поёни муколамаи Импорти матн метавонед намуди пешакии онро бинед.
Сутунро бо пои рости муш пахш намуда форматро интихоб кунед ё пинҳон намоед.
Агар дафтари CSV ҷудокунаке дошта бошад, ки дар майдони Ҷудокунаки матн набошад, ба он майдон пахш карда рамзро дохил кунед.
OKро пахш карда муколамаро пӯшонед.
Вақте, ки шумо ҷадвалро ба CSV экспорт мекунед, танҳо далелҳо варақи ҷорӣ сабт карда мешаванд. Дигар ҳама формулаҳо ва форматҳо кӯр мешаванд.
Варақи Calcро кушоед.
Танҳо варақи ҷорӣ экспорт карда мешавад.
Дафтар - Сабткуни ҳамчунро интихоб кунед.
Дар майдони Номи Дафтар номи дафтарро дохил кунед.
In the Filter box, select "Text CSV".
(Ихтиёрӣ) Параметрҳои майдонҳои дафтари CSVро гузоред.
Ивазкунии Ҷӯрсозиҳои Филтрро интихоб кунед.
Дар муколамаи Экспорти дафтарҳои матнӣ параметрҳои дилхоҳатонро интихоб кунед.
OKро пахш карда муколамаро пӯшонед.
Сабткуниро пахш кунед.