LibreOffice 24.8 Help
Ҳангоми Якҷоясозӣ, таркиби якчанд чашмакҳо дар як ҷой ҷамъ карда мешаванд.
Ҳуҷҷатеро, ки чашмакҳои он якҷоя карда мешаванд кушоед.
Муттаҳидсозӣ кушоед.
ро интихоб карда муколамаиДар майдони Диапазони далелҳои ибтидоӣ диапазони чашмакҳои якҷояшавандаро интихоб кунед.
Агар диапазон ном надошта бошад Қитъаи далелҳои пайвастшавандаро пахш кунед. Курсори чашмакзан пайдо мешавад. Ҳаволаро дохил кунед ё бо муш интихоб кунед.
Иловакунӣ ро пахш кунед барои дохилкунии диапазони интихобшуда ба майдони Қитъаи далелҳои пайвастшаванда.
Диапазони дигарро интихоб карда Иловакунӣ ро пас аз ҳар интихоб пахш кунед.
Маҳали гузоштани натиҷаро дар майдони Нусхагузории натиҷа ба муайян созед.
Агар диапазони интиҳои ном надошта бошад майдони дар паҳлӯи Нусхагузорӣ ба ро пахш карда ҳаволаро дохил кунед. Ҳамчунин метавонед бо муш ин амалро иҷро намоед.
Функтсияро аз қуттии Функтсия интихоб кунед. Ин функтсия муайян месозад, ки далелҳо чӣ гуна муттаҳид сохта мешаванд. Функтсияи "Sum" ба тарзи аслӣ меояд.
OKро пахш карда диапазонҳоро якҷоя созед.
Иловагӣ ро пахш кардан дар муколамаи Муттаҳидсозӣ ҷӯрсозиҳои иловагӣ пайдо мешаванд:
Пайвастан ба манбаи даелҳо ро интихоб кунед барои дохилкунии формула дар диапазони интиҳоӣ ба ҷои арзишҳои аслӣ. Агар шумо ҳаволаро истифода кунед, тағироти дар сарчашмабуда дар натиҷа инъикос меёбад.
Чашмакҳои мувофиқи диапазони интиҳоӣ бо тартиби сатрҳои пайдарпай дохил карда шуда пинҳон карда мешаванд. Танҳо натиҷа бо истифодаи формулаи интихобшуда намоён мешавад.
Дар Муттаҳидсозӣ бо Номи Сатр ё Номи сутун ро интихоб кунед, барои истифодаи номи сатр ва сутун дар ҷои муттаҳидсозии пайдарпаии муттаносибӣ.
Барои истифодаи Номи сатр ё сутун ин ном бояд дар диапазон бошад.
Номи сатр ё сутун бояд якхела бошанд барои якҷоясозӣ. Агар номҳо мувофиқ набошанд, сатр ё сутни нав илова карда мешавад.
Далелҳои диапазони якҷояшуда дар вақти сабт кардани ҳуҷҷат сабт карда мешаванд. Вақте, ки шумо ҳуҷҷатро аз нав мекушоед ин далелҳо дастрас мебошанд.