Марзҳои истифодабарсохта дар Чашмакҳо

Шумо метавонед рахҳои гуногунро ба чашмак насб кунед.

  1. Чашмак ё гурӯҳи чашмакҳоро интихоб кунед.

  2. Формат - Чашмакҳоро интихоб кунед.

  3. Дар муколама саҳифаи Марзҳоро интихоб кунед.

  4. Параметрҳои сарҳадотро интихоб карда OKро пахш кунед.

Параметрҳо дар қитъаи Ҷойгиркунии рах барои насбкунии сабкҳои гуногуни сарҳадот истифода мешаванд.

Интихоби Чашмакҳо

Вобаста ба интихоби чашмакҳо, қитъа дигар хел менамояд.

Интихоб

Қитъаи ҷобаҷосозии рах

Як чашмак

сарҳадот бо як чашмак интихоб шудаанд

Чашмакҳои сутун

сарҳадот бо сутуни интихобшуда

Чашмакҳо дар сатр

сарҳадот бо сатри интихобшуда

Чашмакҳо дар гурӯҳи 2x2 ё зиёд

сарҳадот богурӯҳи чашмакҳои интихобшуда


Ҷӯрсозиҳои аслӣ

Барои насбкунии сарҳадот барои интихоби бисёр яке аз тасвирҳои Аслӣро интихоб кунед.

Намунаҳо

Гурӯҳи чашмаҳои 8x8ро интихоб кунед, ва Формат - Чашмакҳо - Марзҳоро интихоб кунед.

саҳифаи тасвири аслии сарҳадот

Акнун давом дода метавонед барои дидани он, ки кадом тасвирҳо рахро кӯр мекунанд ё мегузоранд.

Ҷӯрсозиҳои истифодабар

Дар қитъаи Истифодабар муқарраркарда шумо метавонед бо пахшкунӣ рахро гузоред ё кӯр кунед. Намуди пешакӣ рахро дар се ҳолат нишон медиҳад.

Такроран ба канор ё кунҷ барои гузариш ба се ҳолати гуногун.

Типи рах

Тасвир

Маъно

Рахи сафед

рахи бутун барои сарҳади истифодабарсохта

Рахи сиёҳ рахи мувофиқи чашмаки интихобшударо мегузорад. Рах мисти нуқтаҳо пайдо мешавад, агар шумо 0.05 pt ро интихоб кунед. Дурах нишон дода мешавад, агар шумо сабки дурахаро интихоб кунед.

Рахи хокистарӣ

рахи хокистарӣ барои сарҳади ситифодабарсохта

Рахи хокистарӣ нишон дода мешавад агар рахи мувофиқи чашмак тағир наёбад. Ягон рах дар ин ҳолат кӯр ё нишонда намешавад.

Рахи сафед

рахи сафед барои сарҳади ситифодабарсохта

Рахи сафед пайдо мешавад, агар рахи мувофиқи чашмак кӯр карда шавад.


Намунаҳо

Чашмакро интихоб карда Формат - Чашмак - Сарҳадотро интихоб кунед.

Рахи нафисро интихоб карда ба канори поён пахш карда рахи маҳинро ба сарҳади поёни насб кунед. Дигар ҳама рахҳои чашмак кӯр карда мешаванд.

нишондани рахи маҳини поён

Рахи ғавсро интихоб карда ба канори поён пахш кунед. Ин рахи ғавсро дар поён насб мекунад.

нишондани рахи ғавс ҳамчун сарҳад

Тасвири дуюми Аслӣро дар чап интихоб кунед барои нишондани ҳар чор сарҳад. Пас такроран ба рахи поёни пахш кунед то ки рах сафед шавад. Ин сарҳади поёниро кӯр мекунад.

кӯркунии сарҳади поёнӣ

Шумо метавонед якчанд сабк ва типҳои рахро истифода намоед. Тасвири охирон мефаҳмонад, ки сарҳади берунии ғафсро чӣ гуна шинондан лозим аст (рахҳои ғавси сиёҳ), ҳангоме, ки ягон рахи диагоналӣ тағир дода намешавад (рахҳои хокистарӣ).

намунаи мураккаб барои сарҳадоти чашмак

Please support us!