Имкониятҳои Баёнияи LibreOffice Impress

Баёнияи LibreOffice Impress барои сохтани баёнияҳои касбӣ, ки диаграммаҳо, объектҳои тасвирӣ, матн, мултимедиа ва ғ. доранд хизмат мекунад. Шумо ҳамчунин метавонед баёнияҳои Microsoft PowerPoint-ро импорт кунед.

Аниматсия, гузариши слайд ва мултимедиа намунаи техникаҳо мебошанд, ки намоиши слайдҳои шуморо боз ҳам ҷаззобтар мегардонанд.

Сохтани графикаи векторӣ

Аксари асбобҳо барои сохтани объектҳои графикии Тасвири LibreOffice (Draw) дар Баёнияи LibreOffice (Impress) мавҷуданд.

Сохтани слайдҳо

Баёнияи LibreOffice Impress қолабҳои гуногунро барои сохтани слайдҳо пешкаш мекунад.

Шумо ҳамчунон метавонед аз эффектҳо дар слайдҳоятон истифода кунед, ба мисоли аниматсия ва эффектҳои гузариш.

Сохтани Баёнияҳо

Якчанд намудҳо барои сохтани слайдҳо мавҷуданд. Мисол Низомноккунаки слайдҳо, барои ҷобаҷогузории слайдҳо ва Дастварақаҳо барои илова кардани матн барои мутолеон истифода карда мешаванд.

Баёнияи LibreOffice имкон медиҳад вақти баёнияро мувофиқ гардонед.

Нашри Баёнияҳо

Шумо метавонед баёнияи худро ҳамчун слайд дар экран, дастварақаҳо ё ҳуҷҷати HTML нашр кунед.

Тарзи баёния

Бо Баёнияи LibreOffice метавонед автоматӣ ё дасти слайдҳоятонро намоиш диҳед.