Боркардани ранг, Градиент, ва варақаҳои хаткашидашуда

Шумо метавонед рӯйхатҳоро барои ба тартиб даровардани рангҳо, градиент, ва хатҳо истифода баред. LibreOffice як чанд рӯйхатҳоро таъмин мекунад, ки шумо метавонед бордор кунед ва дар ҳуҷҷати худ истифода баред. Агар шумо хоҳед метавонед элементҳоро аз лист кӯк ё илова кунед ё листи нави сохта созед.

Бордоркардани рӯйхати ранг:

  1. Формат - Майдон,пас Рангҳоро интихоб кунед.

  2. Тугмачаи Бордоркунии Рӯйхати рангҳо пахш кунед.

  3. Рӯйхате ки бордор карда шавад ҷойгир кунед ва сипас Кушоданро пахш кунед. Дафтари рӯйхати рангҳо чунин формат дорад [filename].soc.

Барои сабт кардани рӯйхати рангҳо тугмачаи Сабт кардани рӯйхати рангҳоро пахш кунед, номи файлро ворид кунед, ва сипас Сабтро пахш кунед.

Рӯйхати CMYK пешбини шудааст барои рангҳои чопшаванда, дар рӯйхатҳои Web ва HTML 256 ранг пешбинӣ карда шудааст.

Барои боркардани рӯйхати градиент:

  1. Choose Формат - Майдонро интихоб кунед, ва сипас Градиентро пахш кунед.

  2. Тугмачаи Боркардани рёйхати градиентро пахш кунед.

  3. Рӯйхати градиентро бордор кунед ва сипас Кушоданро пахш кунед. Дафтари рӯйхати градиент чунин формат дорад [filename].sog.

Барои сабт кардани рӯйхати градиент тугмачаи Сабти рӯйхати градиентро пахш кунед, номи дафтарро ворид кунед, ва сипас Сабтро пахш кунед.

Боркардани рӯйхати хаткашҳо:

  1. Формат - Майдонро интихоб кунед, ва сипас Хаткашакро пахш кунед.

  2. Тугмачаи Боркардани рӯйхати хаткашакҳо ро пахш мекунед.

  3. Рӯйхати хаткашҳоеро ки бокардан мехоҳед ҷойгир кунед ва сипас Кушоданро пахш кунед. Дафтари рӯйхати хатҳо формати чунин дорад [filename].soh.

Барои сабт кардани рӯйхати хаткашакҳо тугмачаи Сабти рӯйхати хаткашакҳоро пахш кунед, номи дафтарро ворид кунед, ва сипас Сабтро пахш кунед.

Формат -Майдон

Боркунии сабки хатҳо ва тирчаҳо