Лавҳаи Ислоҳкунии нуқтаҳо

Лавҳаи Ислоҳкунии нуқтаҳо ҳангоми интихоби полигон ва пахшкунии Ислоҳкунии нуқтаҳо пайдо мешавад.

Функтсияҳои пешниҳодшуда ба шумо имкон медиҳанд, ки нуқтаҳои хамида ё объекти ба хамида табдилдодашуда тағир дода шавад. Тугмачаҳои зерин мавҷуданд:

Ислоҳкунии нуқтаҳо

Расми Ислоҳкунии нуқтаҳо барои фаъол гардонидан/аз фаъолият доштани режим барои объектҳои Безйе хизмат мекунад.

Тасвир

Ислоҳкунии нуқтаҳо

Ҷойивазкунии Нуқтаҳо

Режими кӯчонидани нуқтаҳоро фаъол мегардонад. Тирчаи муш ба чоркунҷа табдил меёбад агар дар болои нуқта қарор дошта бошад. Он нуқтаро ба дигар ҷой кӯчонед. Хамида дар ду тарафи нуқта шаклашро дигар мекунад.

Хамидаро дар миёни ду нуқта ё дар дохили хамидаи пӯшида ҷой дода бо муш хамидаро кӯчонед.

Тасвир

Ҷойивазкунии Нуқтаҳо

Иловакунии нуқтаҳо

Режими иловакуниро фаъол мегардонад, ки барои иловакунии нуқтаҳо хизмат мекунад.

Агар хоҳед, ки нуқтаи кунҷӣ созед аввал бояд нуқтаи симметрӣ ё оҳиста илова намуда баъд онро ба воситаи Нуқтаи кунҷӣ табдил диҳед.

Тасвир

Иловакунии нуқтаҳо

Кӯркунии нуқтаҳо

Расми Кӯркунии нуқтаҳоро истифода карда як ё якчанд нуқтаҳои интихобшударо кӯр кунед. Барои интихоби зиёда аз як нуқта тугмачаи Shift-ро пахш карда доред.

Аввал нуқта(ҳо)ро интихоб кунед ва баъд барои кӯр кардан ин сурат ё Del-ро пахш кунед.

Тасвир

Кӯркунии нуқтаҳо

Тақсимкунии хамида

Расми Тақсимкунии хамида хамидаро тақсим мекунад. Аввал нуқта(ҳо)ро интихоб кунед ва баъд ин суратро пахш кунед.

Тасвир

Тақсимкунии хамида

Табдилдиҳи ба хамида

Хамидаро ба хати рост ва хати ростро ба хамида табдил медиҳад.

Агар қисме аз хамида рост бошад, нуқтаҳои ниҳоии хат танҳо як нуқтаи идоракунӣ дошта метавонанд. То ба хамида баргардонидани хати рост онҳоро ба нуқтаҳои давра табдил додан имкон надорад.

Тасвир

Табдилдиҳи ба хамида

Нуқтаҳои кунҷӣ

Нуқта(ҳо)и интихобшударо ба ё нуқтаи кунҷӣ табдил медиҳад.

Тасвир

Нуқтаҳои кунҷӣ

Гузариши оҳиста

Нуқтаи кунҷӣ ё нуқтаи симметриро ба нуқтаи оҳиста табдил медиҳад.

Тасвир

Гузариши оҳиста

Гузариши симметрӣ

Ин тугмача нуқтаи кунҷӣ ё нуқтаи оҳистаро ба нуқтаи симметрӣ табдил медиҳад.

Тасвир

Гузариши симметрӣ

Пӯшонидани каҷҷии Безе

Хат ё хамидаро мепӯшонад. Хат бо пайвасткунии нуқтаи охир бо нуқтаи аввал пӯшонида мешавад.

Тасвир

Пӯшонидани каҷҷии Безе

Рафъкунии Нуқтаҳо

Нуқтаи ҷорӣ ё интихобшударо барои кӯркунӣ нишон мегирад. Ин дар ҳолати дар хати рост ҷой доштани нуқта сурат мегирад. Агар шумо хоҳед, ки хамида ё полигонро бо ёрии Табодул ба хамида ба хати рост табдил диҳед, онгоҳ нуқта кӯр карда мешавад. Кунҷе кӣ аз он камшавии нуқта сурат мегирад

Тасвир

Рафъкунии Нуқтаҳо