Лавҳаи роҳнамои форма
Лавҳаи роҳнамои форма тугмачаҳо барои идоракунии ҷадвали МД ва намуди далелҳо дорад. Ин лавҳа дар поёни ҳуҷҷате, ки ба МД пайвастагӣ дорад пайдо мешавад.
Шумо Лавҳаи роҳнамои формаро барои гузариш дар навиштҳо, иловакунӣ ва кӯркунии навишт истифода карда метавонед. Агар далелҳо дар форма сабт карда шуда бошанд, онгоҳ ин навишт дар МД инъикос мегирад. Лавҳаи роҳнамои форма ҳамчунин фармонҳои низомноккунӣ, филтронӣ ва ҷустуҷӯро дорост.
Шумо метавонед Лавҳаи роҳнамои формаро аз Асбобҳои иловагӣ ба форма дохил кунед.
Лавҳаи роҳнамои форма танҳо дар формаҳои бо МД пайваст намоён аст. Дар Намуди нақшбандии форма, Лавҳаи роҳнамо намоён нест. Нигаред ба Лавҳаи ҷадвали далелҳо.
Шумо намуди далелҳоро бо филтронӣ ва низомноккунӣ идора карда метавонед. Ҷадвалҳои аслӣ тағир намеёбанд.
Тартиби филтронӣ ва низомноккунӣ дар ҳуҷҷати ҷорӣ сабт мешавад. Агар филтр фаъол бошад, тугмачаи Истифодаи филтр дар Лавҳаи роҳнамо фаъол аст. Имкониятҳои филтронӣ ва низомноккунӣ ҳамчунин дар муколамаи Хосиятҳои форма тағир дода мешаванд. ( Хосиятҳои форма - Далелҳо - хосиятҳо Sort ва Филтрро истифода баред).
Агар ифодаи SQL асоси форма бошад (ниг. Хосиятҳои форма - tab Далел - Манбаи далелҳо), онгоҳ филтронӣ ва низомноккунӣ танҳо дар ифодаи SQL ба ҷадвали мазкур таалуқ дорад.
Навишти мутлақ
Рақами навишти ҷориро нишон медиҳад. Арзишро дохил кунед то ба навишти мувофиқ гузаред.
Навишти аввал
Ба навишти аввал мегузарад.
Навишти пешина
Ба навишти пешина мегузарад.
Навишти навбатӣ
Ба навишти навбати мегузарад.
Навишти охирон
Ба навишти охирон мегузарад.
Сабткунии навишт
Навишти навро сабт мекунад. Тағирот дар МД сабт мегардад.
Инкор: дохилкунии далелҳо
Барои инкор кардани дохилкунӣ хизмат мекунад.
Навишти нав
Навишти навро месозад.
Кӯркунии навишт
Навиштро кӯр мекунад.