Fontwork барои Санъати Матни Графикӣ
Шумо Fontwork-ро барои сохтани объектҳои Санъати Матни Графикӣ истифода бурда метавонед.
Барои сохтани объекти Fontwork
-
If you don't see the Drawing toolbar or the Fontwork toolbar, choose
to enable the toolbar. -
Дар лавҳаи Тасвир тасвири Галереяи Fontworkро пахш кунед.
-
Дар муколамаи Галереяи Fontwork сабки Fontwork-ро интихоб намуда OKро пахш кунед.
Объекти Fontwork ба ҳуҷҷати шумо илова карда мешавад.
-
Объектро дупахш намуда ба режими ислоҳкунӣ гузаред.
-
Матни аслии Fontwork-ро бо матни худ иваз намоед.
-
Калиди Esc-ро пахш намуда аз режими ислоҳкунӣ бароед.
Баро ислоҳкунии объекти Fontwork
-
Объекти Fontwork-ро пахш намоед.
Лавҳаи Fontwork нишон дода мешавад. Агар шумо лавҳаи Fontwork кушода нашавад, Намоиш - ЛАвҳаҳо - Fontworkро интихоб намоед.
-
Тасвирро дар лавҳаи Fontwork пахш намоед.
Тасвирҳои зерин мавҷуданд:
-
Галереяи FontWork - иловакунии объекти дигари Fontwork
-
Шакли FontWork - ислоҳкунии шакл
-
Баландии ҳарфи FontWork - ивазкунии баландии ҳарфҳо
-
Ҷойгиркунии FontWork - ҷойгиркунии матн
-
Фосилаи ҳарфҳои FontWork - фосилаи миёни ҳарфҳоро муайян месозад
Барои тағирдиҳии атрибутҳои дигари Fontwork
-
Объекти Fontwork-ро пахш намоед.
-
Хосиятҳоро аз лавҳаи Хосиятҳои Объектҳои Тасвирӣ интихоб намоед. Шумо метавонед дарозии матн, ранг, сабк ва ғайраро ислоҳ кунед.