Фиристодани Факс ва ҷӯрсозии LibreOffice барои фиристодани Факс

Барои фиристодани факс бевосита аз LibreOffice, шумо бояд дар системаатон модеми факс ва барномаи онро дошта бошед.

Фиристодани Факс таввасути муколамаи чоп

  1. Муколамаи Чопро бо пахшкунии Дафтар - Чоп кушода драйвери факсро дар рӯйхатқуттии Ном интихоб кунед.

  2. Пахшкунии OK муколамаи факсро мекушояд, ки дар он қабулкунандаро дохил менамоед.

Ҷӯрсозии Тасвир барои Факси LibreOffice

Шумо метавонед LibreOffice ро тарзе ҷӯр созед, ки бо пахш кардани як тасвир ҳуҷҷати ҷориро ҳамчун факс фиристед:

  1. Choose - LibreOffice Writer - Print.

  2. Драйвери факсро аз рӯйхатқуттии Факс интихоб намуда OKро пахш кунед.

  3. Тасвири тирчаи дар охири лавҳаи Стандартӣ бударо пахш кунед. Дар менюи пайдошуда Ҷӯрсозии лавҳаро пахш кунед.

    Саҳифаи Лавҳаҳои муколамаи Параметрҳо пайдо мешавад.

  4. Тугмачаи Иловакунӣро пахш кунед.

  5. Категорияи "Ҳуҷҷатҳо" ва пас фармони "Фиристодани Факс"ро интихоб намоед.

  6. Иловакунӣ ва пас Пӯшониданро пахш кунед.

  7. Дар саҳифаи Лавҳаҳо тирчаи поёнро пахш намуда тасвирро ба ҷои дилхоҳатон баред. OKро пахш кунед.

    Лавҳаи Стандартӣи шумо акнун тасвирро барои фиристодани ҳуҷҷати ҷорӣ ҳамчун факс дорад.

Иловакунии Тугмачаҳо ба Лавҳаи Асбобҳо