Гиру-Мон дар Намуди Манбаи Далелҳо

Роҳи зудтарини нусхагирии далелҳо аз манбаи далелҳо истифодаи Гиру-Мон мебошад.

Ақрабаки Муш далелҳоро нусхагирӣ мекунад

Нусхагирӣ бо Гиру-Мон

Агар шумо хоҳед, ки амали Гиру-Монро бекор гардонед Ислоҳкунӣ - Инкоркунӣро пахш кунед.

Тасвири мадад

Ҳамчунин метавонед ба воситаи Гиру-Мон далелҳоро аз ҳуҷҷҷат ба манбаи далелҳо нусхагирӣ кунед:


Тасвири мадад

Ҷадвали матн ва ё қитъаи чашмакҳои ҷадвали электрониро бо Гиру-Мон ба ҷадвали манбаи далелҳо нусхагузорӣ кардан мумкин аст.


Тасвири мадад

Матнро бо воситаи Гиру-Мон ба як майдони манбаи далелҳо нусхагузорӣ кардан мумкин аст.


Истифодаи далелҳо дар ҳуҷҷати матнӣ

Шумо метавонед майдони МДро ба ҳуҷҷат бо кашидани номи сутун аз намуди манбаи далелҳо нусхагузорӣ намоед. Ин ассосан ҳангоми навиштани қолаби нома фоиданок аст. Майдонҳои дилхоҳро ба ҳуҷҷат кашед, ба мисли нишонии маҳал ва ғ.

Барои нусхагирии навишти пурра, сарлавҳаи мувофиқро ба ҳуҷҷат кашед . Пас аз сар додани муш муколамаи Иловакунии сутунҳои МД пайдо мешавад, ки дар он истифодабарии ҳама майдонҳои МД ва ба тарзи матр ё ҷадвал илова карданро шумо муайян месозед. Ҳама навиштҳои интихобшуда илова карда мешаванд.

Истифодаи далелҳо дар ҳуҷҷати ҷадвал

You can insert one or more records into the current sheet of a spreadsheet by selecting the rows in the data source view and dragging and dropping them into the spreadsheet. The data is inserted at the place where you release the mouse button.

Иловакунии контрол дар формаи матн

Вақте, ки шумо формаи матнро месозед, контролҳоро бо Гиру-Мон аз намуди манбаи далелҳо сохта метавонед.

Агар шумо сутуни МДро ба ҳуҷҷат кашед, шумо майдонро илова менамоед. Агар шумо ҳангоми Гиру-Мон калиди Shift+ро пахш карда доред, майдони матн илова шуда бо номи майдон гурӯҳбандӣ карда мешавад. Майдони матн аллакай ҳама маълумоти МДро, ки шумо дар форма лозим мебошанд, дорад.

Гирифтан ва Мондан дар Ҳуҷҷати LibreOffice

Нусхагирии Графика миёни Ҳуҷҷатҳо

Нусхагирии Қитъаи Ҷадвали Электронӣ ба Ҳуҷҷати Матнӣ

Нусхагирии Графика аз Галерея

Иловакунии Графика ба Галерея