Гирифтан ва Мондан дар Ҳуҷҷати LibreOffice
Тарзҳои гуногуни кӯчонидан ва нусхагирии объектҳо таввасути гиру-мон вуҷуд доранд. Қисми матн, объектҳои тасвирӣ, графика, контролҳои форма, гиперҳаволаҳо, қитъаҳои чашмакҳо, ва ғайраро бо муш кӯчонидан ё нусха гирифтан мумкин аст.
Дар хотир доред, ки ақрабаки муш ҳангоми нусхагирӣ ба салиб ва ҳангоми сохтани гиперҳавола ба тирча табдил меёбад.
Ақрабаки Муш |
Шарҳ |
Кӯчиш |
|
Нусхагирӣ |
|
Сохтани гиперҳавола |
Агар шумо Ctrl ё Shift+Ctrl ро пеш аз сар додани муш пахш кунед, метавонед идора кунед, ки объект кӯчонида шавад, нусха гузошта шавад ва ё гиперҳавола сохта шавад.
Агар шумо объектро аз Навигатор берун кашед, шумо дар зерменюи тасвири Режими гирифтани Навигатор интихоб карда метавонед, ки объект нусха гузошта шаван, ҳавола ва ё гиперҳавола сохта шавад.
Шумо метавонед иҷроиши гиру-монро дар LibreOffice бо пахшкунии калиди Esc пеш аз сар додани муш инкор намоед.