Кор бо Ҷадвалҳо

Далелҳо дар ҷадвалҳо нигоҳ дошта мешаванд. Барои мисол китоби адресҳои шумо, ки барои номаи электронӣ истифода мебаред, дар ҷадвал навишта шудааст. Ҳар як навишти китоби адресҳо як сатри ҷадвал мебошад. Навишт майдонҳо дорад, мисол ном ва насаб.

Сохтани Ҷадвали Нав бо Ёвари Ҷадвал

Дар LibreOffice шумо метавонед ҷадвали навро бо Ёвари Ҷадвал созед:

  1. Дафтари МДро, ки дар он ҷадвал сохтаниед, кушоед.

  2. Дар тарафи чапи равзанаи МД тасвири Ҷадвалҳоро пахш кунед.

  3. Истифодаи Ёвар барои сохтани Ҷадвалро интихоб намоед.

Сохтани Ҷадвал дар Нақшагоҳ

  1. Дафтари МДро, ки дар он ҷадвал сохтаниед, кушоед.

  2. Дар тарафи чапи равзанаи МД тасвири Ҷадвалҳоро пахш кунед.

  3. Сохтани Ҷадвал дар Нақшагоҳро пахш кунед.

Шумо равзанаи Нақшабандии Ҷадвалро мебинед.

Сохтани Намуди навви Ҷадвал

Баъзе МДҳо намуди ҷадвалҳоро дастгирӣ мекунанд. Намуди ҷадвал ин дархосте мебошад, ки дар МД сабт карда мешавад. Барои аксар амалиётҳои МД намуд ҳамчун ҷадвал истифода мешавад.

  1. Дафтари МДро, ки дар он ҷадвал сохтаниед, кушоед.

  2. Дар тарафи чапи равзанаи МД тасвири Ҷадвалҳоро пахш кунед.

  3. Сохтани Намуди Ҷадвалро пахш кунед.

Шумо равзанаи Нақшабандии Намудро мебинед, ки ба равзанаи Нақшабандии Дархост монанд аст.