Нақшабандии Ҷадвал

Ин боб оиди сохтани ҷадвали навви МД дар намуди нақшабандӣ маълумот медиҳад.

Дафтари МДро, ки дар он ҷадвал сохтан мехоҳед, кушоед. Тасвири Ҷадвалҳоро пахш кунед. Сохтани Ҷадвал дар Нақшагоҳро барои сохтани ҷадвал пахш кунед.

Дар намуди нақшабандӣ, шумо метавонед майдонҳои ҷадвалро созед.

Тасвири эзоҳ

Ҳар як майдон танҳо типи мувофиқи далелҳоро қабул мекунад. Барои мисол матнро дар майдони рақамӣ дохил кардан имкон надорад. Майдони мемо дар формати dBase III ҳавола ба дафтарҳои матнии дохилӣ идорашавандаи 64KB мебошанд.


Шумо метавонед Шарҳи ихтиёриро барои ҳар як майдон дохил намоед. Матни шарҳ дар намуди ҷадвал дар сутунҳо ҳамчун кӯмак нишон дода мешаванд.

Хосиятҳои майдон

Хосиятҳои ҳар як майдони далелҳоро дохил намоед. Вобаста ба типи майдон баъзе хосиятҳо дастнорасанд.

Дар қуттии Арзиши Аслӣ арзиши аслиро барои ҳар як навишти нав дохил намоед. Ин хосиятро баъдтар низ ислоҳ кардан мумкин аст.

Дар қуттии Навишт лозимӣ аст муайян созед, ки майдон бояд доим пур бошад ва ё на.

Барои қуттии Дарозӣ комбоқуттӣ нишон дода мешавад, ки шартҳои мавҷударо нишон медиҳад.

Махзани Далелҳо (МД)