Кор бо Дархостҳо

Агар шумо хоҳед, ки қисми далелҳоро истифода баред, ки бо шарти филтр муқарраршавиашон осон бошад, дархостро истифода баред. Ин аслан номи нав барои намуди филтршуда мебошад. Шумо дархостро кушода далелҳо дар намуди ҷадвал дида метавонед.

Сохтани Дархости нав бо Ёвари Дархост

Дар LibreOffice шумо метавонед бо кӯмаки Ёвари Дархост дархости нав созед:

  1. Дафтари МДро, ки дар он дархости нав сохтан мехоҳед, кушоед.

  2. Дар тарафи чапи равзанаи МД тасвири Дархостҳоро пахш кунед.

  3. Истифодаи Ёвар барои сохтани дархостро пахш кунед.

Сохтани Дархости Нав дар Нақшагоҳ

  1. Дафтари МДро, ки дар он дархости нав сохтан мехоҳед, кушоед.

  2. Дар тарафи чапи равзанаи МД тасвири Дархостҳоро пахш кунед.

  3. Сохтани Дархости Нав дар Нақшагоҳро пахш кунед.

Шумо Равзанаи Нақшабандии Дархостро мебинед.