Забонҳои CTL-ро истифода баранда
Дар айни замон, LibreOffice Ҳиндӣ, Тайӣ, Ҳебру ва Арабиро ҳамчун Забонҳои CTL дастгирӣ мекунад.
Агар шумо самти матнро аз рост ба чап интихоб намоед, матни Ғарбӣ аз чап ба рост навишта мешавад. Тирчаи рост ба "самти охири матн" ва тирчаи чап ба "оғози матн" ҳаракат мекунанд.
Шумо самти матнро бевосита бо яке аз ин калидҳо иваз карда метавонед:
-
Ctrl+Shift+D ё Ctrl+Right Shift - гузариш ба аз-рост-ба-чап
-
Ctrl+Shift+A ё Ctrl+Left Shift -гузариш ба аз-чоп-ба-рост
-
Ин амал дар ҳолати фаъол будани дастгирии CTL иҷро мегардад.
Дар ҳуҷҷати саҳифаҳои сутундор, ки самти матн аз-рост-ба-чап аст сутуни рост сутуни аввал мебошад.
Дар LibreOffice Writer матни дар Забони Тайӣ форматшуда хосиятҳои зерин дорад:
-
Дар параграфҳои баробаркардашуда рамзҳо ба канорҳо омехта мегарданд.
-
Калиди Delete-ро истифода бурда ҳама рамзҳои омехтаро кӯр кунед. Калиди Backspace-ро бошад барои қисми охирони рамзҳои омехта.
-
Калидҳои Рост ва Чапро барои гузариш ба рамзҳои омехтаи пешина ва ё оянда истифода баред. Барои гузоштани курсор ба рамзи омехта Параметри Alt+Калиди Arrow-ро пахш кунед.