Ислоҳкунии Меҳварҳои Диаграмма

Барои ислоҳкунии меҳвари диаграмма:

  1. Диаграммаро дупахш кунед.

    Марзи хокистари дар атрофи диаграмма пайдо шуда лавҳаи меню акнун фармонҳои ислоҳкунии диаграммаро дорост.

  2. Формат - Меҳварҳоро интихоб намуда, пас меҳварҳои ислоҳмекардаатонро интихоб намоед. Муколамае кушода мешавад.

  3. Аз қитъаҳои мавҷудбуда интихоб намуда тағиротро дохил кунед (барои мисол саҳифаи Масштабро интихоб намоед, агар андозаи меҳварро тағир додан хоҳед).

  4. OKро пахш кунед. Дар ҳуҷҷат берун аз диаграмма пахш намуда аз ҳолати ислоҳкунӣ хориҷ шавед.