Куш. автоматӣ шиноштани URL

Вақте, ки шумо матнро дохил менамоед, LibreOffice калимаи мумкин URL бударо шинохта онро бо ҳавола иваз мекунад. LibreOffice гиперҳаволаро бо атрибутҳои бевосита формат мекунад (ранг ва зерхат), ки хосиятҳояшон аз Сабки Рамз гирифта мешаванд.

Агар хоҳед, ки LibreOffice автоматӣ URLҳоро ҳангоми навишт нашиносад, яке аз ин роҳҳоро истифода баред.

Инкоркунии шинохтани URL

  1. Вақте, ки шумо навишта истодаед, ва дидед ки матн ба гиперҳавола табдил ёфт, бо пахшкунии +Z онро инкор карда метавонед.

  2. Агар шумо баъдтар фаҳмидед, ки матн ба гиперҳавола табдил ёфтааст фармони менюи Формат - Формати аслӣро интихоб кунед.

Бекор кардани шинохтани URL

  1. Ҳуҷҷатеро, ки барои он шинохтани URLро тағир додан мехоҳед, кушоед.

    Агар хоҳед, ки шинохтани URLро барои ҳуҷҷтаи матнӣ тағир додан хоҳед, ҳуҷҷати матниро кушоед.

  2. Асбобҳо - Автоислоҳкунӣро интихоб намоед.

  3. Дар муколамаи Автоислоҳкунӣ саҳифаи Параметрҳоро интихоб намоед.

  4. Агар шумо ливои Шинохтани URLро гиред, онгоҳ калимаҳо автоматӣ ба гиперҳавола табдил дода намешаванд.

    Дар LibreOffice Writer ду интихобқуттӣ дар паҳлӯи Шинохтани URL мавҷуданд. Қуттии дар сутуни якум буда барои ислоҳкунии баъдина ва қуттии дуюм барои Автоислоҳкунӣ ҳангоми навишт мебошанд.