Экспорти HTML - Саҳифаи 2

Навъи нашрро муайян мекунад.

Метавонед муайян кунед, ки фрейм, сарлавҳа ё баёнияро дохид кунед.

Барои ин фармонро дастрас кардан...

LibreOffice Draw/LibreOffice Impress menu File - Export, select HTML file type, page 2 of the wizard


Типи нашр

Ҷӯрсозиҳои асосиро барои экспорт муайян мекунад.

Формати стандартии HTML

Аз саҳифаҳои экспортшуда саҳифаҳои стандартии HTML месозад.

HTML стандартӣ бо фрейм

HTML стандартӣ бо фрейм месозад. Саҳифаи экспортшуда дар фрейми асосӣ ва мундариҷа дар фрейми чап - ба мисли гиперҳавола меояд.

~Сохтани саҳифаи ибтидоӣ

Барои ҳуҷҷат саҳифаи мундариҷавӣ месозад.

Муайян месозад, ки эзоҳ низ нишон дода шавад.

Автоматӣ

Баёнияи аслии HTML месозад, ки слайдҳо дар фосилаи муайяни вақт иваз мешаванд.

Чӣ тавре кӣ дар ҳуҷҷат

Вақти слайд аз вақти ба слайди баёния ҷудошуда вобаста аст. Агар шумо гузариши дастиро интихоб кунед, баёнияи HTML саҳифаи навро бо пахш кардани калид дар клавиатура нишон медиҳад.

Автоматӣ

Гузариши слайд дар фосилаи муайяни вақт мегузарад, новобаста аз таркиби слайд.

Вақти намоиши слайд

Вақтро барои ҳар як слайд муайян мекунад.

Беохир

Баёнияи HTMLро автоматӣ оғоз мекунад пас аз намоиши слайди охирон.

Интернет-пахшкунӣ

Дар экспорти WebCast скрипти автоматӣ бо кӯмаки Perl ё ASP сохта мешавад. Ин имкон медиҳад гӯянда (барои мисол гӯянда дар телефон Намоиши слайдро бо Интернет истифода барад) слайдро барои Веб браузер иваз намояд. Маълумоти бештарро дар WebCast дар ин боб мегиред.

Active Server Pages (ASP)

Вақте, ки шумо параметри ASP ро интихоб мекунед, экспорти WebCast саҳифаҳои ASP месозад. Дар хотир доред, ки баёнияи HTML танҳо дар сервери ASPро дастгирӣ мекарда иҷро мешавад.

Perl

Бо экспорти WebCast export барои сохтани баёнияи HTML ва скрипти Perl истифода мешавад.

URL барои шунавандагон

URL, (мутлақ ё нисбӣ) ки шунаванда онро дар Веб браузер дохил менамояд.

URL барои баёния

URL-и (мутлақ ё нисбӣ) баёнияи HTMLи сохта шуда, ки дар Веб сервер гузошта мешавад.

URLи скрипти Perl

URL (мутлақ ё нисбӣ) барои скриптҳои Perl.

Маълумоти бештар оиди экспорти WebCast

Ду имконияти экспорти бақнияи LibreOffice Impress бо истифодаи технологияи WebCast вуҷуд доранд: Active Server Pages (ASP) ва Perl.

Тасвири Огоҳикунанда

ДАр ҳарду роҳ WebCast сервери HTTP-и дастгирии Perl ё ASP доштаро лозим дорад. Аз ин лиҳоз параметрҳои экспорт аз сервери HTTP вобаста аст.


WebCast дар ASP

Экспорткунӣ

Ҳамон як равоқро барои ду экспорти HTML истифода накунед.

Истифодаи WebCastи ASP

Шумо метавонед WebCast-ро пас аз экспортшавӣ ба сервери HTTP истифода баред.

Намуна:

Пиндоред, ки сервери Microsoft Internet Information Server-ро дар компютератон васл кардаед. Шумо равоқи"c:\Inet\wwwroot\presentation"ро ҳамчун равоқи барориши HTML ҳангоми васлкунии IIS интихоб кардаед. URL-и компютери шумо та тарзи зайл мебошад: "http://myserver.com".

Шунавандагон акнун метавонанд баёнияро дар URLи http://myserver.com/presentation/webcast.asp кушоянд. Онҳо слайдро дигар карда наметавонанд, то номи дафтарро надонанд. Санҷед, ки сервери HTTP равоқҳоро нишон намедиҳад.

WebCast бо Perl

Экспорткунӣ

Истифодаи WebCastи Perl

Дафтарҳои сохташуда бояд дар сервери Perlр дастгирикунандаи HTTP гузошта шаванд. Қадамҳои зер ин амалро шарҳ медиҳанд. Дастури сервератонро хонед ё ба мудири шабака муроҷиат кунед.

Акнун метавонед WebCastро интифода намоед.

Намуна:

Дар ин намуна шумо компютери Linux бо сервери HTTP доред. URLи сервери HTTP http://myserver.com ва равоқи барориши ҳуҷҷати HTML //user/local/http/ мебошанд. Скриптҳои Perl дар равоқи //user/local/http/cgi-bin/ ҷойгиранд. secret.htm-ро ҳамчун номи дафтари экспорт ва presentation.htm-ро ҳамчун URL барои шунавандагон. Дар URL барои баёния http://myserver.com/presentation/ ва дар майдони URL барои скрипти Perl http://myserver.com/cgi-bin/ ро дохил кунед.

Пас аз васлкунии дафтарҳои Perl, баромадкунанда метавонад баёнияро нишон диҳад. Иштирокчиён онро дар URLи http://myserver.com/presentation/presentation.htm дида метавонанд.