Имкониятҳои Тасвири LibreOffice (Draw)

Имкониятҳои Тасвири LibreOffice (Draw) ба шумо имкони сохтани тасвирҳои содда ва мураккаб ва сабт кардани онҳоро дар форматҳои маъмул медиҳад. Шумо ҳамчунон метавонед ҷадвали электронӣ, диаграммаҳо ва ғайра объектҳои бо LibreOffice сохташударо ба ҳуҷҷати тасвир дохил намоед.

Графикаи векторӣ

Тасвири LibreOffice графикаи векториро бо истифодаи массивҳои математикӣ месозад. Векторҳо чоркунҷа, давра, элипс, рах ва полигонҳоро шарҳ медиҳанд.

Сохтани объектҳои 3Ч

Шумо метавонед объектҳои 3Ченакаи содда ба мисли куб, курра ва силлиндрро бо ёрии Тасвири LibreOffice кашед.

Шабакаҳо ва хатҳои равонакунанда

Тӯрҳо ва роҳбаладҳо ба шумо кӯмаки аёниро барои ҷойгузории объектҳо мерасонанд. Шумо метавонед объектро ба тӯр ё ба канори дигар объект ҷойгир кунед.

Пайвасткунии объектҳо барои намоиши пайвастагӣ

Шумо метавонед объектҳоро дар Тасвири LibreOffice бо рахи махсус"коннектор" ба ҳам пайвандед барои нишон додани пайвастагӣ.

Нишондиҳии андозаҳо

Диаграмаҳои техникӣ асосан андозаҳои объектро дар тасвир нишон медиҳанд. Дар Тасвири LibreOffice шумо метавонед рахи андозаҳоро истифода карда андозаҳои хаттиро нишон диҳед.

Галерея

Галерея дорои тасвирҳо, наворҳо, садоҳо ва ғ. мебошад, ки шумо онҳоро дар тасвирҳоятон ва дигар барномаҳои LibreOffice истифода карда метавонед.

Формати Дафтарии Графика

Тасвири LibreOffice ба форматҳои маъмули BMP, GIF, JPG, ва PNG экспорт карда мешавад.