Якҷоясозии объектҳо ва сохтани шаклҳо

Якҷоясозии объектҳо ба мисли гурӯҳбанди аст вале фарқ дар он аст, ки шумо объекти алоҳидаро ислоҳ карда наметавонед.

Тасвири эзоҳ

Шумо танҳо объектҳои 2Ч-ро якҷоя карда метавонед.


Барои якҷоясозии объектҳои 2Ч:

  1. Ду ва ё зиёда объектро тнтихоб намоед.

  2. Дигаргунсозӣ - Якҷоясозӣ-ро интихоб кунед.

Якҷоясозӣ хосияти объекти пастаринро мегирад. Шумо метавонед пас объектҳоро ҷудо созед вале хосиятҳо аз байн рафтаанд.

Вақти якҷоясозии объектҳо шикофӣ дар ҷои якшавии объектҳо пайдо мешавад.

Илюстратсияи якҷоясозии объектҳо

Дар илюстратсия объектҳои якҷоякардашуда дар тарафи рост ва ҷудогона дар тарафи чап мебошанд.

Сохтани шаклҳо

Шумо метавонед бо ёрии Шаклҳо- Якҷоясозӣ, Тақсимкунӣ ва Бурриш ду ё зиёда объект созед.

Тасвири эзоҳ

Фармонҳои шакл танҳо дар объектҳои 2Ч кор мекунанд.


Шаклҳои сохташуда хосияти пастарин объектро мегиранд.

Барои сохтани шакл:

  1. Ду ва ё зиёда объектро тнтихоб намоед.

  2. Ислоҳкунӣ - Шаклҳо ро интихоб карда, пас:

Фармонҳои шакл

Дар иллюстратсияи зер объектҳои аслӣ дар тарафи чап ва шаклҳо дар тарафи рост мебошанд.

Шаклҳо - Якҷоясозӣ

Иллюстратсияи якҷоясозии шаклҳо

Қитъаи объектҳои интихобшударо ба қитъаи объекти охирон ҳамроҳ менамояд.

Шаклҳо - Тақсимкунӣ

Иллюстратсияи якҷоясозии шаклҳо

Қитъаи объектҳои интихобшударо ба қитъаи объекти охирон ҷудо менамояд.

Шаклҳо - Бурриш

Иллюстратсияи якҷоясозии шаклҳо

Қитъаи объектҳои болоиҳамхобида шакли навро ташкил менамоянд.

Қитъаи аз болоиҳамхобӣ берунбуда кӯр карда мешавад.