Тартит, ҷойгиркунӣ ва тақсимоти объектҳо

Ҷобаҷосозии объектҳо

Ҳар як объекте, ки шумо ба ҳуҷҷат дохил мекунед ба тарзи навбатӣ ҷой дода мешавад. Барои тағир додани тартиб ба тарзи зер рафтор кунед

  1. Объекти лозимаро интихоб кунед.

  2. Такмилдиҳӣ - Тартибро интихоб кунед, меню пайдо мешавад, аз он тартиби лозимаро интихоб кунед:

    Овардан ба пеш объектро ба пеш меоварад

    Пеш Овардан объектро як қадам ба пеш меоварад

    Пас Фиристодан объектро як қадам ба пас мебарад

    Фиристодан ба пас объектро ба пас мебарад

    Пас аз объект объектро пас аз объекти интихобшуда мебарад

Ҷойгиркунии объект пас аз дигар объект

  1. Объекти лозимаро интихоб кунед.

  2. Такмилдиҳӣ - Ҷойгиркуниро интихоб кунед, менб пайдо мешавад, пас Пас аз объектро интихоб кунед. Тирчаи муш ба даст мудаддал мешавад

  3. Ба объекте, ки паси он ҷой медиҳед пахш кунед.

Ҷойивазкунии ду объект

  1. Shift-ва пахши ҳарду объект барои интихоб.

  2. Дигаргунсозӣ - Ҷобаҷокуниро интихоб кунед, меню пайдо мешавад, пас Баръаксро интихоб кунед.

Ҷобаҷокунии объектҳо

Функтсияи Ҷобаҷокунӣ ба шумо имкон медиҳад, ки объектҳоро нисбати якдигар ё саҳифа ҷобаҷо созед.

  1. Объектро интихоб кунед барои онро ба саҳифа ҷобаҷо кардан ё объектҳоро интихоб карда нисбати якдигарашон ҷобаҷо созед.

  2. Дигаргунсозӣ - Ҷобаҷосозиро интихоб карда яке аз намудҳои ҷобаҷосозиро интихоб кунед.

Тақсимкунии объектҳо

Агар шумо 3 ё зиёда объектро дар Draw интихоб кунед, шумо метавонед Таксимкуниро барои муттавозӣ тақсим кардани фосила миёни объектҳо истифода баред.

  1. 3 ё зиёда объектро барои тақсимкунӣ интихоб кунед.

  2. Дигаргунсозӣ - Тақсимкуниро интихоб кунед.

  3. Параметрҳои амуди ва уфуқии тақсимкуниро интихоб карда OK-ро пахш кунед.

Объектҳои интихобшуда муттавозӣ ба тарзи амудӣ ё уфуқӣ ҷойгир шуданд. Ду объекти канорӣ ҳангоми тақсимкунӣ ҷой иваз намекунанд, ҳангоми истифодаи Тақсимкунӣ.