Имкониятҳои Ҳисоби LibreOffice (Calc)

Ҳисоби LibreOffice (Calc) барномаест барои ҳисобкунӣ, таҳлил ва идоракунии далелҳо. Шумо ҳамчунин метавонед ҷадвали электронии Microsoft Excel-ро импорт ва ислоҳ кунед.

Ҳисобкуниҳо

Ҳисоби LibreOffice (Calc) ба шумо имкон медиҳад функтсияҳоигуногун, ба мисоли оморӣ, бонкиро барои ҳисобу китоби мураккаб истифода кунед.

Шумо ҳамчунин метавонед Функтсияҳоро барои сохтани формулаҳо истифода намоед.

Ҳисобкуниҳои агар-чӣ

Имконияти ҳамзамон дидани натиҷаи формула дар ивазшавии як фактор дар ҳисоби бисёрфактора мебошад. Мисол, шумо метавонед бо иваз кардани меъёри вақт тағир ёфтани фоизи фоида ё мӯҳлати баргардониро мушоҳида кунед. Зиёда аз ин шумо метавонед ҷадвалҳои калонро бо сенарияи муқараркардаатон ҳисоб кунед.

Функтсияҳои Махзани Далелҳо

Истифодаи ҷадвал барои низомноккунӣ, сабткунӣ ва филтркунии далелҳо.

Ҳисоби LibreOffice (Calc) ба шумо имкон медиҳад, ки ҷадвалҳои МД-ро бо муш ба ҷадвали электронӣ кӯчонед, ё худ ҷадвали электрониро барои номаҳои формавии Забони LibreOffice (Writer) истифода кунед.

Ҷобаҷокунии далелҳо

Бо якчанд пахшкунии муш шумо метавонед ҷадвалро ба танзим дароред, ки қитъаи чашмакҳоро пинҳон/аён созед, формат кунед ё худ суммаро тез ҳисоб кунед.

Диаграммаҳои динамикӣ

Ҳисоби LibreOffice (Calc) ба шумо имкон медиҳад, ки далелҳоятонро дар намуди нақша намоиш диҳед, ки он бо тағир ёфтани далелҳо муттаносибан тағир меёбад.

Кушодан ва сабт кардани дафтарҳои Microsoft

Филтри LibreOffice барои табдилдиҳии дафтарҳои Excel, ё кушодан ва сабт кардан дар форматҳоидигар имкон медиҳад.