Функтсияҳои истифодабарсохта

Шумо метавонед Функтсияҳои истифодабарсохтаро дар LibreOffice Calc бо роҳҳои зер истифода намоед:

Муайянсозии функтсия бо ёрии LibreOffice Basic

  1. Асбобҳо - Макросҳо - Идоракунии Макросҳо - LibreOffice Basicро интихоб кунед.

  2. Тугмачаи Ислоҳкунӣро пахш кунед. Шумо Basic IDEро мебинед.

  3. Коди функтсияро дохил кунед. Дар ин мисол мо функтсияи VOL(a; b; c)ро, ки ҳаҷми чоркунҷаи стереометриро ҳисоб мекунад муайян месозем a, b and c:

    Function VOL(a, b, c)
    VOL = a*b*c
    End Function

  4. Равзанаи Basic-IDEро пӯшонед.

    Функтсияи шумо дар модули аслӣ сабт шуда акнун дастрас мебошад. Агар шумо функтсияро дар ҳуҷҷати Calc истифода баред, онгоҳ барои истифодаи ин ҳуҷҷат дар дигар компютер ин функтсияро ба ҳуҷҷати Calc дохил кардан лозим аст.

Нусхагузории функтсия дар ҳуҷҷат

Дар қадами 2и "Муайянкунии функтсия бо истифодаи LibreOffice Basic", дар муколамаи Макрос шумо Ислоҳкунӣ ро ливо гузоштед. Ба тарзи аслӣ дар майдони Макрос аз Макросҳои Ман - Стандартӣ - Модули1 интихоб шудааст. Китобхонаи Стандартӣ дар равоҳи маҳалии шумо ҷойгир аст.

Агар хоҳед, ки функтсияи сохтаатонро ба ҳуҷҷати Calc гузаронед:

  1. Асбобҳо - Макросҳо - Идоракунии Макросҳо - LibreOffice Basicро интихоб кунед.

  2. Дар майдониМакрос аз Макросҳои Ман - Стандартӣ - Модули1ро интихоб карда Ислоҳкунӣро пахш кунед.

  3. Дар Basic-IDE, коди аслиро пайдо карда онро ба ганҷӣ нусхагирӣ кунед.

  4. Basic-IDEро пӯшонед.

  5. Асбобҳо - Макросҳо - Идоракунии Макросҳо - LibreOffice Basicро интихоб кунед.

  6. Дар майдони Макрос аз (Номи ҳуҷҷати Calc) - Стандартӣ - Модули1ро интихоб кунед. Ислоҳкунӣро пахш кунед.

  7. Таркиби ганҷӣро дар Basic-IDEи ҳуҷҷат нусхагузорӣ кунед.

Истифодабарии Функтсияҳои истифодабарсохта дар LibreOffice Calc

Пас аз сохтани функтсияи VOL(a; b; c) дар Basic-IDE, шумо онро ба мисли функтсияҳои худии LibreOffice Calc истифода карда метавонед.

  1. Ҳуҷҷати Calcро кушода рақамҳоро барои параметрҳои функтсия дохил кунед a, b, ва c дар чашмакҳои A1, B1, ва C1.

  2. Курсорро ба чашмаки дигар гузошта, инро дохил кунед:

    =VOL(A1;B1;C1)

  3. Функтсия ҳисоб карда шуда шумо натиҷаро мебинед.