Форматкунии Рақам ҳамчун матн

Шумо дар LibreOffice Calc рақамро ҳамчун матн формат карда метавонед. Менюи контекстии чашмак ё диапазони чашмакҳоро кушода Формати Чашмакҳо - Рақамҳо пас матнро "Text" аз рӯйхати Категория интихоб кунед. Ҳама рақамҳои дар чашмакҳои форматшудабуда ба матн табдил меёбанд. Намоши рақамҳо "numbers" аз чап ҷой дода шудаааст, ба мисли матн.

Агар шумо аввал рақамро бо формати рақам дохил карда пас онро ба формати матнӣ "Text" гардонида бошед, рақамҳо хосияти рақамии худро нигоҳ медоранд. Онҳо табдил дода намешаванд. Танҳо рақамҳои пас аз ин амал дохилшуда дар намуди матн меоянд.

агар хоҳед, ки бевосита рақамро ҳамчун матн дохил кунед, аввал апостроф (') нависед. Мисол барои солҳо дар номи сутун метавонед '1999, '2000 ва '2001ро нависед. Апостроф ноаён аст, вале матн будани рақамро кафолат медиҳад. Ин дар ҳолатҳои дохилкунии рақами телефонӣ ё индекси суроға, бахусус агар бо (0) оғоз шаванд муфид аст, зеро, ки сифр (0) дар авввали рақам автоматӣ кӯр карда мешавад.