Филтр: Истифодаи Филтри Мураккаб

  1. Сарлавҳаи сутунҳои қитъаҳои ҷадвалро нусхагирӣ карда пас шарти филтрро дар сатри поёни сарлавҳаҳо дохил кунед. Далелҳои уфуқи ҷойдошта дар сатр мантиқан бо AND пайваст карда мешаванд, ва амудӣ бо OR.

  2. Пас аз сохтани матритсаи филтр, қитъаи варақро интихоб кунед. Муколамаи Филтри Мураккаб ро бо Далелҳо - Филтр - Филтри Мураккаб кушода шартҳои филтрро дохил кунед.

  3. OKро пахш куне ва мебинед, ки сатрҳои арзишашон ба шарт ростомада намоён мебошанд. Дигар ҳама сатрҳо муваққатан пинҳон карда шуда бо ёрии Формат - Сатр - Намоиш намоён карда мешаванд.

Намуна

Ҷадвали хеле зиёд далелдоштаро бор кунед. Мо ҳуҷҷати қалбакии Даромадро истифода мекунед вале шумо ягон ҳуҷҷатро осон истифода баред. Ҳуҷҷат тарҳи зеринро дорад:

A

B

C

D

E

1

Моҳ

Стандарт

Хидматӣ

Люкс

Олиҷаноб

2

Январ

125600

200500

240000

170000

3

Феврал

160000

180300

362000

220000

4

Март

170000

ва ҳоказо...


Сатри 1 бо номи сатр (номи майдон) то сатри 20 нусхагирӣ кунед, барои мисол. Шарти филтрро бо истифодаи OR дар сатри 21, 22, ва ғайра дохил кунед.

A

B

C

D

E

20

Моҳ

Стандарт

Хидматӣ

Люкс

Олиҷаноб

21

Январ

22

<160000


Муайян созед, ки танҳо сатрҳо арзиши Январро дар чашмакиМоҳ OR ё арзиши аз 160000 хурд дар чашмаки Стандартӣ нишон дода шаванд.

Далелҳо - Филтр - Филтри Мураккабро интихоб кунед вақитъаи A20:E22ро интихоб кунед. Пас аз пахшкунии OK, танҳо сатрҳои филтршуда нишон дода мешаванд. Дигар сатрҳо пинҳон карда мешаванд.