Истифодаи рақамҳо Бутунсохта

Дар LibreOffice Calc дар ҳолати аслӣ то ду адади касрӣ бутун карда мешаванд.

Барои ивазкунии ин барои чашмакҳои интихобшуда

  1. Ҳама чашмакҳои тағирмедодаатонро интихоб намоед.

  2. Формат - Чашмакҳоро интихоб кунед ва ба саҳифаи Рақамҳогузаред.

  3. Дар майдони Категория Рақамро интихоб кунед. Дар Параметрҳо рақами Ададҳои касрӣро иваз кунедва бо пахшкунии OK аз муколама бароед.

Барои доимӣ иваз кардани он барои ҳама

  1. Асбобҳо - Параметрҳо - LibreOffice Calcро интихоб кунед.

  2. Ба саҳифаи Ҳисобкунӣ гузаред. Рақами Ададҳои касрӣро иваз карда бо пахшкунии OK аз муколама бароед.

Барои ҳисобкунӣ бо рақамҳои бутуншуда дар ҷои рақами ҳаққонӣ

  1. Асбобҳо - Параметрҳо - LibreOffice Calcро интихоб кунед.

  2. Ба саҳифаиҲисобкунӣ гузаред. Майдони Дурустӣ чӣ тавре ки нишон дода шудааст ливо гузошта OKро пахш кунед.