Ҳисобкуниҳо бо формулаҳо

Ҳама формулаҳо бо аломати баробарӣ оғоз мешаванд. Формулаҳо матн ё рақам ва дигар унсурҳо ба мисли форматкунӣ дошта метавонанд. Формулҳоа инчунин операторҳои арифметикӣ, мантиқӣ дошта метавонанд.

Тасвири мадад

Дар ёд доред, ки операторҳои асосии арифметикӣ (+, -, *, /) дар формулаҳо бо истифодаи қоидаи "Зарб ва тақсим пеш аз тарҳу ҷамъ" амалӣ мешаванд. Ба ҷои =SUM(A1:B1) беҳтараш =A1+B1 нависед.


Тасвири мадад

Қавсҳо низ истифода мешаванд. Натиҷаи формулаи =(1+2)*3 натиҷаи дигарро нисбати =1+2*3 медиҳад.


Инҷо баъзе намунаҳои формулаи LibreOffice Calc оварда шудаанд:

=A1+10

Таркиби чашмаки A1 ҷамъи 10ро медиҳад.

=A1*16%

16% и таркиби A1ро медиҳад.

=A1 * A2

Ҳосили зарби A1 ва A2ро медиҳад.

=ROUND(A1;1)

Таркиби чашмаки A1-ро ба як воҳид бутун карда нишон медиҳад.

=EFFECTIVE(5%;12)

Дарсади даромадро барои 5% дарсади солона барои 12 пардохти солона ҳисоб мекунад.

=B8-SUM(B10:B14)

B8 тарҳи ҳосили ҷамъи B10 то B14ро ҳисоб мекунад.

=SUM(B8;SUM(B10:B14))

Ҳосили ҷамъи B10 то B14 ҳисоб карда натиҷаашро ба B8 ҷамъ мекунад.


Чӣ тавре, ки мебинед функтсияро дар формула ҷой додан мумкин аст. Ёвари Функтсия барои ин амал кӯмак мерасонад.