Импорт ва экспорти дафтари dBase

Шумо метавонед дафтарҳои формати dBase доштаро (номбасти *.dbf) дар LibreOffice Base ё ҷадвали электронӣ кушоед. Дар LibreOffice Base, МДи dBase равоқе мебошад, ки дафтарҳои номбасти .dbf дошта дорад. Ҳар як дафтар ҷадвали МД мебошад. Формат ва формула кӯр мешавад, ҳангоми сабт ва кушодани дафтари dBase аз LibreOffice.

Барои импорти дафтари формати dBase ба ҷадвали электронӣ

  1. Дафтар - Кушоданро интихоб кунед.

  2. Дафтари *.dbf ро интихоб кунед.

  3. Кушоданро пахш кунед.

    Муколамаи Импорти дафтари dBase кушода мешавад.

  4. OK ро пахш кунед.

    Дафтари dBase ҳамчун ҳуҷҷати нави Calc кушода мешавад.

    Тасвири Огоҳикунанда

    Агар хоҳед, ки дафтари Calcро дар намуди дафтари dBaseро сабт кунед, сатри аввали варақро кӯр ё иваз накунед. Ин сатр барои МДи dBase муҳим аст.


Барои импорти дафтари dBase ба Ҷадвали МД

МДи LibreOffice Base ин ҳавола ба МДи вуҷуддошта мебошад.

  1. Дафтар - Нав - Махзани Далелҳоро интихоб кунед.

  2. Дар қуттии Номи дафтари муколамаи Сабткуни ҳамчун номи МДро дохил кунед.

  3. Сабткунӣро пахш кунед.

  4. Дар қуттии Типи МД и муколамаи Хосиятҳои МД "dBASE"ро интихоб кунед.

  5. Давомро пахш кунед.

  6. Намоишро пахш кунед.

  7. Рафи дафтари dBase доштаро интихоб карда OKро пахш кунед.

  8. Сохтанро пахш кунед.

Барои экспорти ҷадвали электронӣ ба дафтари dBase

  1. Дафтар - Экспортро интихоб кунед.

  2. Дар қуттии Формати Дафтар "дафтари dBase"ро интихоб кунед.

  3. Дар қуттии Номи дафтар номи дафтари dBaseро дохил кунед.

  4. Сабткунӣро пахш кунед.

Тасвири эзоҳ

Танҳо далелҳои варақи ҷорӣ экспорт карда мешавад.