Импорт ва Экспорти дафтарҳои матнӣ

Арзишҳои бо вергул ҷудошуда (CSV) формати матн мебошад, ки барои додугирифти далелҳо миёни МД ва ҷадвал истифода мешавад. Ҳар як сатр дар дафтари CSV навиштро дар МД, ё сатри ҷадвалро дарбар мегирад. Ҳар як майдони МД ё чашмаки ҷадвал бо вергул ҷудо карда шудааст.

Импорти дафтари CSV

  1. Дафтар - Кушоданро интихоб кунед.

  2. Дар майдони Типи Дафтар формати "матни CSV"ро интихоб кунед. Дафтарро интихоб карда Кушоданро пахш кунед. Агар дафтар номбасти .csv дошта бошад, он автоматӣ шинохта мешавад.

  3. Муколамаи Импорти Дафтарҳои Матнӣ пайдо мешавад. OKро пахш кунед.

Тасвири мадад

Агар дафтари csv формула дошта бошад, ва шумо мехоҳед натиҷаи он формуларо импорт кунед, Асбобҳо - Параметрҳо - LibreOffice Calc - Намоишро интихоб карда ливои қуттии Формулаҳоро кӯр кунед.


Экспорти формулаҳо ва арзишҳо ҳамчун дафтари CSV

  1. Ба варақи ба дафтари csv экспортшаванда пахш кунед.

  2. Агар хоҳед, ки формулаҳо ҳамчун формула экспорт шаванд, мисол =SUM(A1:B5), амали зерро иҷро намоед:

    Асбобҳо - Параметрҳо - LibreOffice Calc - Намоишро интихоб намоед.

    Дар Намоиш Формулаҳоро ливо гузоред. OKро пахш кунед.

    Барои экспорти натиҷа ба ҷои формула Формулаҳоро ливо нагузоред.

  3. Дафтар - Сабткуни ҳамчунро интихоб намоед. Шумо муколамаи Сабткуни ҳамчунро мебинед.

  4. Дар майдони Типи Дафтар формати "матни CSV"ро интихоб кунед.

  5. Номро дохил карда Сабткунӣро интихоб кунед.

  6. Дар муколамаи Экспорти дафтарҳои матнӣ кӣ пайло мешавад, кодбаст, ҷудокунаки майдон ва матнро интихоб карда OKро пахш кунед.

  7. Агар лозим бошад пас аз иҷрои экспорт ливои майдони Формулаҳоро гиред то ин ки натиҷаи формуларо бинед.