Ҳаволагузорӣ ба чашмак дар Ҳуҷҷати дигар

Дар чашмаки варақ метавонед ба дигар чашмак ҳавола гузоред.

Бо ҳамин роҳ чашмак ба ҳуҷҷати дигар низ ҳавола дода метавонад, агар он сабт карда шуда бошад.

Ҳаволагузорӣ ба чашмак дар Ҳуҷҷати дигар

  1. Ҷадвали навро созед.

  2. Барои мисол формулаи зеро дар чашмаки A1 Варақи 1 дохил кунед:

    =Sheet2.A1

  3. СаҳифаиВарақи 2 ро дар поён интихоб кунед. Курсорро дар чашмаки A1 гузошта матн ё рақамро дохил кунед.

  4. Агар ба Варақи 1 гузаред, шумо ҳамон таркибро дар A1 мебинед. Агар таркиби Варақи 2.A1 тағир ёбад, онгоҳ таркиби Варақи1.A1 низ тағир меёбад.

Ҳаволагузорӣ ба чашмак дар Ҳуҷҷати дигар

  1. Дафтар - Кушоданро интихоб кунед барои боркунии ҳуҷҷати мавҷуда.

  2. Дафтар - Нав ро интихоб кунед барои кушодани ҳуҷҷати нав. Курсорро ба чашмаке гузоред, ки дар он далелҳои берунаро ҷой додан мехоҳед ва аломати баробариро дохил кунед.

  3. Акнун ба ҳуҷҷати дигар, ки аз он далел гирифтан мехоҳед. Чашмаки далелдорро интихоб кунед.

  4. Ба ҳуҷҷати нав гузаред. Дар сатри формула мебинед, ки LibreOffice Calc чӣ гуна ҳаволаро ба ҳуҷҷат дохил кардааст.

    Ҳавола ба ҳуҷҷати дигар номи он ҳуҷҷат дар нохунак ва пас #, пас номи варақи ҳуҷҷати дигар, пас нуқта ва номи чашмак дорад.

  5. Формуларо бо пахшкунии аломати қабул ба охир расонед.

  6. Агар шумо лангари дар поёни рости чашмакбударо бо муш кашола кунед, LibreOffice ҳаволаро ба чашмакҳои муттаносиби ҳуҷҷати манбаъ мегузорад. Дар натиҷа номи варақ бо аломати "$" сар мешавад, ки он мутлақ будани ҳаволаро мефаҳмонад.

Агар шумо номи дигар ҳуҷҷатро дар формула мушоҳида кунед, мебинед кӣ он ба тарзи URL навишта шудааст. Ин маъно дорад, ки шумо метавонед URLро аз Интернет низ истифода кардан метавонед.